Саҳроӣ вазири омузиш ва парвариши Эрон шуд
(last modified Tue, 30 May 2023 11:11:27 GMT )
Май 30, 2023 16:11 Asia/Dushanbe
  • Саҳроӣ вазири омузиш ва парвариши Эрон шуд
    Саҳроӣ вазири омузиш ва парвариши Эрон шуд

Намояндагони Маҷлиси шурои исломии Эрон ба Ризомурод Саҳроӣ барои мансаби вазорати омузиш ва парвариш райи эътимод доданд.

Ба гузориши ИРНА, Ризомурод Саҳроӣ бо 170 райои мувофиқ ва 80 райи мухолиф аз намояндагони Маҷлиси шурои исломии Эрон райи эътимод гирифт ва ба унвони вазири омузиш ва парвариш интихоб шуд.

Ризомурод Саҳроӣ раиси донишгоҳи фарҳангиёни Эрон дар пайи истеъфои Юсуфи Нури вазири собиқи омузиш ва парвариш бо ҳифзи симат ба унвони сарпарасти вазорати омузиш ва парвариш таъин шуд ва ҳафтаи гузашта ба унвони вазири пешниҳодии омузиш ва парвариш аз суи раиси ҷумҳур ба маҷлиси шурои исломӣ муъарифи шуд.