Муҳаммад Мухбир барои ширкат дар маросими таҳлифи раисиҷумҳури Туркия озими Анкара шуд
(last modified Sat, 03 Jun 2023 12:17:31 GMT )
Июн 03, 2023 17:17 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Мухбир барои ширкат дар маросими таҳлифи раисиҷумҳури Туркия озими Анкара шуд

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар маросими таҳлифи раисиҷумҳури Туркия озими Анкара шуд.

Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон барои ширкат дар маросими таҳлифи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Теҳронро ба мақсади Анкара тарк кард.

Бар асоси натоиҷи ниҳоӣ ва қатъии дуввумин даври интихоботи раёсатҷумҳурӣ, Раҷаб Тайиби Эрдуғон бо касби 27 милюну 834 ҳазору 589 раъй ба унвони раисиҷумҳури Туркия интихоб шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Мухбир дар ин сафари кӯтоҳ ба унвони меҳмони вижа ва ба намояндагӣ аз Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳури исломии Эрон барои адои савганди раисиҷумҳури Туркия ҳузур хоҳад дошт.

Ин маросим дар Кохи раёсатҷумҳурии Туркия оғоз мешавад ва нуқтаи оғози шурӯи давлати ҷадиди Эрдуғон барои сеюмин бор ба унвони раисиҷумҳӯр хоҳад буд.