Имом Хоманаӣ: Ҳукми боздошти Натанёҳу кофӣ нест, бояд ҳукми эъдом содир шавад
(last modified Tue, 26 Nov 2024 06:30:03 GMT )
Ноябр 26, 2024 11:30 Asia/Dushanbe
  • Имом Хоманаӣ: Ҳукми боздошти Натанёҳу кофӣ нест, бояд ҳукми эъдом содир шавад

Раҳбари инқилоби исломии Эрон субҳи 5 озар (25 ноябр) дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи басиҷӣ, падидаи беназири басиҷро бархеста аз фарҳанг, ҳувияти миллӣ ва таърихи Эрон хонданд.

Порс – Тудей. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо басиҷиён баён карданд: Қавораи матлуби Амрико барои таъмини манофеи худ дар минтақа, эҷоди истибдоду диктаторӣ ё ҳарҷу марҷу анархизм дар кишварҳост.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи басиҷии Эрон бо баёни инки мактабу тафаккуру андешаи басиҷӣ бар ду пояи худобоварӣ ва худбоварӣ устувор аст, гуфтанд: Ин ду хусусияти мумтоз омили ғалабаи қатъӣ бар сиёсатҳову нақшаҳои истикбори ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ басиҷро зотан як шабакасозии фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ баршумурданд ва бо ишора ба мондагории он ба иллати асолату реша доштан дар ҳувияти таърихиву эронӣ, гуфтанд: Имом ҳудуди 3 ҳафта баъд аз тасхири лонаи ҷосусӣ ва чангу дандон нишон додани Амрико, бо ташкили басиҷ дар 5 озари 1358, он таҳдиди бузургро ба фурсате бузург табдил кард ва ин шаҷараи таййибаро дар замини иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва низомии кишвар нишонд.

Ба гузориши “Порс – Тудей”, Раҳбари инқилоби исломӣ инкори тавоноиҳои миллатҳову таҳқири онҳоро аз сиёсатҳои ҳамешагии султагарон баршумурданду афзуданд: Бар асоси оёти Қуръон, Фиръавн миллати худро таҳқир ва хафиф мекард то ба итоат аз ӯ бипардозанд, албатта Фиръавн наҷибтар аз салотини имрӯзи Амрикову Аврупо буд, зеро, ки инҳо миллатҳои дигарро ҳам таҳқир мекунанд то манофеъ ва манобеи онҳоро чаповул кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ басиҷро нуқтаи муқобили ин таҳқири миллӣ хонданд ва бо ишора ба таҳқири Эрон, ба хусус дар давраи Қоҷору Паҳлавӣ афзуданд:

Баъд аз Ҷанги ҷаҳонии аввал, ҳайати эъзомии Эронро ба конфронси Порис ҳатто роҳ надоданд. Албатта инқилоби исломӣ варақро баргардонду иззати миллиро эҳё кард.

Раҳбари инқилоб аз хунсосозии тавтеаи хабосатолуди Амрико дар авохири даҳаи 80 дар қазияи таъмини ураниуми 20 ба унвони намунае аз нақшофаринии рӯҳияи басиҷӣ ёд ва хотирнишон карданд: Дар шароите, ки Эрон барои тавлиди дору ба ураниуми 20 дарсад ниёзи мубрам дошт, амрикоиҳо бо вуҷуди тавофуқе, ки барои фурӯши он бо миёнравии ду раисиҷумҳури маъруфи он рӯзи дунё анҷом шуда буд, дар миёнаи музокирот шуруъ ба ҳилагарӣ карданд, аммо донишмандони басиҷии Эрон, аз ҷумла шаҳид Шаҳриёрӣ ураниуми 20 дарсадро дар камоли нобоварии амрикоиҳо тавлид карданд ва он тавтеа, ки барои таслими Эрон тарҳрезӣ шуда буд, хунсо шуд.

Эшон огоҳӣ аз нақшаи Амрико барои кишварҳои минтақа ва истодагӣ дар муқобили онро яке дигар аз авомили тақвияти басиҷ дар заминаи сиёсӣ хонданду гуфтанд: Қавораи матлуби Амрико барои таъмини манофеи худ дар минтақа, эҷоди истибдоду диктаторӣ ё ҳарҷу марҷу анархизм дар кишварҳост.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба масоили ҷории Фаластин ва Лубнон гуфтанд: Аҳмақҳо хаёл накунанд, ки бомбаборони хонаву бемористону иҷтимооти мардум нишонаи пирӯзии онҳост. Дар дунё ҳам ҳеҷ кас инро пирӯзӣ намедонад.

Раҳбари инқилоб бо таъкид бар инки душман дар Ғаззаву Лубнон бо вуҷуди ҳамаи ҷиноёти ҷангиаш пирӯз нашуда ва нахоҳад шуд, афзуданд: Ҳукми боздоште ҳам, ки барои Натанёҳу содир карданд, кофӣ нест ва бояд ҳукми эъдоми ӯ ва ин сарони ҷинояткор содир шавад.

Эшон ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғаззаву Лубнонро бар акси хости ҷинояткорон, боиси тақвияту ташдиди муқовимат донистанду афзуданд: Ҷавони ғаюри фаластиниву лубнонӣ аз ҳар синфе, вақте мебинад чӣ дар майдони мубориза бошад, чӣ набошад, дар маърази бомбаборону хатари марг аст, роҳе ҷуз муборизаву муқовимат барои худ боқӣ намебинад. Бинобарин аҳмақҳои ҷинояткор дар воқеъ ба дасти худ дар ҳоли тавсеаи ҷабҳаи муқовимат ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тавсеаи ҷабҳаи муқовиматро илзоме қатъӣ ва тахаллуфнопазир хонданду таъкид карданд: Ҷабҳаи муқовимат ҳар чӣ имрӯз густариш ёфтааст, фардо чандин баробар густариш хоҳад ёфт.