Фаъолиятҳои мушакии Эрон бар асоси ҳуқуқи байналмиллалӣ комилан машрӯъ аст
(last modified Thu, 08 Jun 2023 07:36:49 GMT )
Июн 08, 2023 12:36 Asia/Dushanbe
  • Фаъолиятҳои мушакии Эрон бар асоси ҳуқуқи байналмиллалӣ комилан машрӯъ аст
    Фаъолиятҳои мушакии Эрон бар асоси ҳуқуқи байналмиллалӣ комилан машрӯъ аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Фахолиятҳои мушакии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон мутаъориф ва дифоъӣ бар асоси ҳуқуқи байналмиллалӣ комилан машрӯъ аст.

Носири Канъонӣ изҳороти мудохилаҷӯёнаи бархе кишвараои ғарбӣ дар хусусӣ рӯнамоӣ аз мушаки "Фаттоҳ"-ро мардуд ва бе этибор донист ва тасреҳ кард: Фаъолиятҳои мушакии Ҷумҳӯрии  Исломии Эрон мутаъорифи ва дифоӣ бар асоси ҳуқуқи байналмиллалӣ комилан машрӯъ аст.

Канъонӣ афзӯд: Ин даста аз кишварҳо, ки собиқаи баланд ва ошкоре дар зери по гузоштани таъаҳудоти байналмиллалии худ дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла озмоишоти ҳастаӣ, режими Паймони манъи густариши силоҳи ҳастаӣ  ва мизбонӣ мушакҳои ҳастаӣ ва ифои нақшҳи мухариб дар масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ доранд, ҳаққ надоранд дар мавриди тавонмандиҳои дифоъии машрӯта ва комилан қонунии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон изҳор  назар кунанд.