Пирӯзии миллипӯшони волейболи Эрон муқобили Сербия
(last modified Thu, 26 Jun 2025 07:38:17 GMT )
Июн 26, 2025 12:38 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии миллипӯшони волейболи Эрон муқобили Сербия
    Пирӯзии миллипӯшони волейболи Эрон муқобили Сербия

Порс-Тудей. Тими миллии волейболи Эрон дар нахустин бозии худ дар ҳафтаи дувуми Лигаи миллатҳои 2025 муқобили тими Сербия ба пирӯзӣ расид.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Ирна, ҳафтаи дувуми Лигаи миллатҳо 2025 аз рӯзи чаҳоршанбе дар се гуруҳ ба мизбонии шаҳрҳои Бургоси Ҷопон, Чикаго дар Амрико ва Белград, пойтахти Сербия оғоз шуд.

Тими миллии волейболи Эрон дар нахустин дидори худ дар ин ҳафта дар Белград ба масофи Сербияи мизбони ин гуруҳ рафт ва бо иқтидор муваффақ ба шикасти се бар яки ин тим шуд то ба дуюмин бурди худ дар ин рақобатҳо даст ёбаду ҳаддиақал панҷ зина дар ҷадвали мусобиқот боло равад.

Мардони волейболи Эрон дар сети сеюми ин дидор 25 бар 23 натиҷаро вогузор карданд, аммо дар сетҳои аввал, дувум ва чаҳорум бо имтиёзҳои 25 бар 21, 25 бар 19 ва 25 бар 23 Сербияро шикаст доданд.