Таъкиди Ориф ва Эмомалӣ Раҳмон бар эҷоди иттиҳодияи кишварҳои форсизабон
-
Муҳаммадризо Ориф муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон
Порс Тудей – Дар ҷараёни як мулоқот, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Президенти Тоҷикистон бар зарурати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ, таъсиси иттиҳоди кишварҳо ва минтақаҳои форсизабон, ташкили кумитаи муштараки сатҳи олӣ оид ба забон ва адабиёти форсӣ, инчунин эҳёи хатти ниёгон дар Тоҷикистон таъкид карданд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузориии Садо ва Симо, Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дидор кард. Ориф аз мавқеи ҳамдардонаи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон нисбат ба Эрон дар давраи "Ҷанги Рамазон" изҳори сипос намуда, аҳамияти истифода аз пайвандҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва забониро барои таҳкими равобити дуҷониба таъкид кард.
Ориф бо ишора ба робитаҳои амиқи тамаддунии миёни Эрон ва Тоҷикистон изҳор дошт, ки таъсиси як кумитаи муштараки сатҳи олӣ, ки ба забон, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни форсӣ, инчунин мероси ниёгон бахшида шудааст, метавонад ба ҳифз ва нигоҳдории мероси муштараки ҳарду миллат кумак расонад.
Дар ин дидор, Ориф ва Раҳмон бар таъсиси иттиҳоди кишварҳо ва минтақаҳои форсизабон, таъсиси марказҳо барои гиромидошти Наврӯз, роҳандозии "Маркази тамаддуни ориёӣ" ва эҳёи хатти ниёгон дар Тоҷикистон таъкид намуданд.
Дар мавриди рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ориф қайд кард, ки бо вуҷуди монеаҳои гуногун аз ҷумла ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар моҳҳои ахир дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ӯ афзуд: "Бо вуҷуди ин рушд, мо бар ин назарем, ки зарфияти ҳамкорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон хеле бештар аз сатҳи кунунӣ аст; аз ин рӯ, мо бояд аз имкониятҳои мавҷуда барои густариши бештари равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии худ истифода барем". Таъсиси иттиҳоди кишварҳо ва минтақаҳои форсизабон, ташкили кумитаи олӣ оид ба забон, фарҳанг ва адабиёти форсӣ, роҳандозии марказҳо барои гиромидошти Наврӯз, таъсиси маркази тамаддуни ориёӣ ва эҳёи хатти ниёгон дар Тоҷикистон аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар ин мулоқот бар онҳо таъкид шуд.