Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар аҳамияти роҳбурдии санъати ҳастаӣ
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷамъи шуморе аз донишмандони ифтихорофарин, коршиносон ва масъулони санъати ҳастаии Эрон, ин санъатро калиди пешрафти кишвар дар бахшҳои мухталиф хонданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи якшанбе дар ин дидор бо ишора ба таъсири асосии дастовардҳои ҳастаӣ дар беҳтар шудани зиндагии мардуми Эрон афзуданд: Санъати ҳастаӣ аз лиҳози вазни сиёсӣ ва ҷойгоҳи ҷаҳонии Эрон, муҷиби обрӯи миллӣ аст, зимни ин ки дар нуқтаи муқобил талошҳои душманон барои беоянда нишон додани кишвар ва маъюс кардани ҷавонон, рӯҳияи умеду эътимод ба нафси миллиро дар ҷомеа зинда мекунад ва ба мардум ва ба хусус ҷавонон нишон медиҳад, ки метавон дар майдонҳои бузург ворид шуд ва онҳоро ба тасхир даровард.
Раҳбари муаззами инқилоби Эрон бо истинод ба аҳамияти роҳбурдӣ ва дар айни ҳол айниву малмуси санъати ҳастаӣ, онро аз муаллафаҳои асосии қудрату эътибори Эрон баршумурданду гуфтанд: Ҳар кас Эрон, Ҷумҳурии исломӣ ва қуввату пешрафти кишварро дӯст дорад, бояд барои фаъолиятҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва санъати ҳастаӣ эътибору аҳамият қоил бошад.
Ҳамон гуна, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ борҳо ба он ишора кардаанд, имрӯза лузуми дастёбӣ ба фанноварии сулҳомези ҳастаӣ дар таъмини амнияту пешрафти кишварҳо мавзӯе инкорнопазир аст, фанноварии ҳастаӣ яке аз фанновариҳои меҳварӣ ва поя аст, ки саҳми бузурге дар густариши фанновариҳои наву пешрафти саноеи навин дорад.
Дар ҳоли ҳозир фанноварии ҳастаӣ дар Эрон дар бахшҳои мухталифе ҳамчун пизишкӣ, энержӣ, тавлиди дору, кишоварзӣ, колоҳои санъатӣ ва фанноварӣ корбурд дорад ва на танҳо боиси ҷилавгирӣ аз хуруҷи арз аз кишвар шудааст, балки боис шуда бисёре аз маҳсулоте, ки пеш аз ин кишварҳои ғарбӣ дар инҳисори худ доштанд, акнун дар Эрон тавлид шавад.
Ҳамчунин бархе пружаҳо аз ҳолати таҳқиқотӣ дар пажӯҳишгоҳи ҳастаӣ ба сатҳи санъатӣ расидаанд ва дар ҳоли ҳозир донишмандони эронӣ дар бахши радиодоруҳо ба пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳе даст пайдо кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳудуди 90 дарсади таҷҳизоти ҳавзаи фанноварии ҳастаӣ низ тавлиди дохилу натиҷаи пуштикори донишмандони эронӣ аст.
Ба далели корбурди рӯзафзуни санъати ҳастаӣ, ин санъат мавриди тавваҷуҳи бисёре аз кишварҳо қарор дораду Созмони энержии атомии Эрон низ чанд маъмурияти авлавиятдор, аз ҷумла ҳавзаи чархаи сӯхти ҳастаӣ, ҳавзаи тавлиди барқу нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ва ҳавзаҳои корбурди партовҳо, ки дар санъат, саломати муҳити зист, кишоварзӣ ва маҳсулоти ғизоӣ истифода мешавад, дунбол мекунад.
Дар ин ҳол, душманони Ҷумҳурии исломии Эрон дар солҳои гузашта бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз пешрафтҳои ҳастаии Эрон, ки аз муаллафаи қудрати кишвар маҳсуб мешавад, илова бар эъмоли фишорҳои сиёсиву иқтисодӣ, ҳатто ба террори донишмандони эронӣ ва харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии Эрон низ рӯй овардаанд, вале пешрафтҳои Эрон дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла санъати ҳастаӣ собит карда, ки талоши душманон дар маҳори муаллафаҳои қудрати Ҷумҳурии исломии Эрон ноком мондааст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ низ дар дидор бо коршиносону масъулони санъати ҳастаӣ, имконоти ҳастаии Эронро беш аз сад баробари соли 1382, яъне оғози чолиши ҳастаӣ баршумурданду гуфтанд: Онҳо барои мутаваққиф кардани ин раванд аз ҷинояту террор ҳам кумак гирифтанд, аммо натавонистанд ва санъати ҳастаӣ акнун бо талоши ҷавонони миллат дар ин кишвар бумӣ шудаву дигар қобили салб шудан нест.