Ҳунарманди итолиёӣ дар Ҳарами Имом Ризо (а) мусулмон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i10351-Ҳунарманди_итолиёӣ_дар_Ҳарами_Имом_Ризо_(а)_мусулмон_шуд
Як ҳунарманди мусиқидони итолиёӣ бо гуфтани шаҳодатайн дар Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо (а) ба дини мубини Ислом мушарраф шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 23, 2016 20:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳунарманди итолиёӣ дар Ҳарами Имом Ризо (а) мусулмон шуд

Як ҳунарманди мусиқидони итолиёӣ бо гуфтани шаҳодатайн дар Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо (а) ба дини мубини Ислом мушарраф шуд.

Мануритз Балтезулаи 40- сола, ки пеш аз ин масеҳӣ буд, дар пайи иртибот бо мусулмонони эронӣ ва мутолиа дар бораи Ислом, ба ин дини илоҳӣ алоқаманд шуд.

Ин ҳунарманд дар сафар ба Машҳад ва ташарруф ба Ҳарами ҳазрати Ризо(а), бо ҳузур дар идораи умури зоирони ғайриэронии остони Қудси Разавӣ, шаҳодатайн бар забон овард ва мусулмон шуд.

Идораи умури зоирони ғайриэронии остони Қудси Разавӣ дар ин маросим ҳадяҳое назири китобе дар бораи шахсияти ҳазрати Имом Ризо (а), Қуръони карим ба забон англисӣ ва маҳсулоти фарҳангии дигаре ба вай эҳдо кард.

Аз ибтидои имсол то кунун 22 нафар дар Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Ризо (а) мусулмон шудаанд.