Декабр 24, 2016 17:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Эрон дар Сурия тазмини тавозун дар минтақа

Узви аршади Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) таъкид кард, ҳузури Эрон дар Сурия, барои тазмини тавозун дар минтақа аҳамияти басазое дорад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии ал-Олам, Маҳмуд ал-Заҳор, узви аршади Ҳамос имрӯз (шанбе) гуфт, он чӣ дар бораи бархе кушторҳо дар Ҳалаб мунташир шуда, қиссаи расонаҳои ғарбӣ дар ростои талош барои сарнагунии давлати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия аст, ки ин достонҳо ва фиребкориҳо барои ҳамагон такрорӣ шудааст.

Ба думболи озодсозии Ҳалаб, ки бузургтарин пирӯзии давлати Сурия ва муттаҳидони он, тайи шаш соли гузаштааст,мухолифони низоми Сурия ва расонаҳои вобаста ба он, талоши зиёде мекунанд, то бо ҷаъли хабар ва тасвирсозии ғайрвоқеӣ, афкори умумиро ба самти вуқӯъи як фоҷиаи инсонӣ дар Ҳалаб бикашанд.

Узви аршади Ҳамос ҳамчунин Ҷумҳурии Исломии Эронро пуштвонаи ҳақиқӣ барои фаластиниҳо донист ва гуфт, Эрон нерӯҳои муқоваматро зидди режими саҳюнистӣ ёрӣ мекунад.

 

Барчасп