Таъсиси шуъбаи Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 17 Jul 2023 08:30:15 GMT )
Июл 17, 2023 13:30 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси шуъбаи Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон
    Таъсиси шуъбаи Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон

Мудири ҳамкориҳои байналмиллали Вазорати беҳдошт дармон ва омӯзиши пизишкӣ гуфт: Ба зуди шуъбае аз Донишгоҳи улулми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсиси мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Дуктур Муҳаммадҳусейни Некном дар ҷаласаи муштарки вазири беҳдошти Эрон бо вазири беҳдошт ва тандурӯстии Тоҷикистон бо ишора ба нуқоти муштараки дукишвар дар ҳавзаи саломат афзӯд: Ба зуди шуъбаие аз Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсиси мешавад.

Вай афзӯд: Мо муъасисаи омӯзишии байнамилллали ба номи  «Муътамид»  дорем, ки омӯзиши мудирони низомии саломатро бар уҳда дорад ва дар сурати ниёз, мудирони саломати Тоҷикистон метавонанд аз зарфиятҳои ин муъасиса истифода кунанд.

Вай идома дод: Ба зуди феҳристе аз роҳнамоиҳо болини аз Эрон барои шумо ирсол мешавад то барои кантрол ва ҳадафманд кардани низоми саломат дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад.

Доктор Некуном бо баёни ин, ки дар заминаи сатҳи бахши низоми дармон низ Эрон омодагии ҳамкори бо Тоҷикистонро дорад, гуфт: Дар назар дорем бемористони эрониён ё Ибни Сино дар Тоҷикистон, марҷаъи аслии ирҷои беморон аз Эрон ба Тоҷикистон шавад яъне бо табодул бо Донишгоҳҳои улуми пизишкии Эрон, беморон аз ин марказ барои идомаи раванди дармон ирҷоъ шаванд, ки ин муҳим ниёзманди табодули байни Вазорат беҳдошти дукишвар ва Донишгоҳҳои улуми пизишкии дукишвар хоҳад буд.

Бештар бихонед: