Вазири беҳдошт: Тафоҳумномаҳоеро дар Тоҷикистон, имзо хоҳем кард
Вазири беҳдошт ва дармону омӯзиши пизишки бо ишора ба ин, ки тафоҳумномаҳоеро дар Тоҷикистон, имзо хоҳем кард, гуфт: Масъулон ва мардуми Тоҷикистон тақозо доранд, ки содироти дорӯи эронӣ ба ин кишвар тасҳил шавад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Баҳром Айнуллоҳи афзӯд: Баъд аз ин музокирае ҳам, ки бо вазири беҳдошти Тоҷикистон доштем ин тавфиқро пайдо кардем, ки аз бемористони Ибни Сино ҳам боздиде дошта бошем.
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ гуфт: Мардуми Тоҷикистон ба пизишкон ва дармон ва дорӯи эронӣ бисёр эътиқод пайдо кардаанд ва натоиҷи бисёр хуби онро тавонистаанд бубинанд ва алон ҳам масъулони кишвари Тоҷикистон ва ҳам мардум тақозо доранд, ки содироти дорӯи эронӣ ба шаҳри Душанбе ва ба кишвари Тоҷикистон тасҳил шавад.
Айнуллоҳи афзӯд: Акунун ҳавзаи омӯзиш, теъдоде аз пизишкони Тоҷикистон дар Эрон дар ҳоли таҳсил ҳастанд. Мо таҳсилро ба шакли кутоҳ муддат ва дароз муддат барояшон барномарези мекунем. Ҳамчунин ин замина вуҷҷӯд дорад, ки устодони донишгоҳҳои улуми пизишкии кишвари мо ва устодони Тоҷикистон битавонанд ҳамоишҳо ва барномаҳои муштарак дошта бошанд.