Август 26, 2023 14:13 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Узвияти расмии Эрон дар БРИКС, паёмҳо ва паёмадҳо
    Таҳлил: Узвияти расмии Эрон дар БРИКС, паёмҳо ва паёмадҳо

Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз Шанхай ба таври расмӣ ба узваияти БРИКС низ даромад.

Собиқаи шаклгирии  БРИКС ба соли 2001 боз мегардада. Чаҳор қудрати иқтисодии дар ҳоли зуҳӯри ҷаҳон шомили Бразиля, Русия, Чин ва Ҳинд тарҳи эҷоди гурӯҳи  БРИКС-ро матраҳ карданд. Ниҳоятан «гурӯҳи БРИК»  дар 16-уми июни 2009 ба таври расми таъсиси шуд ва бо изофа шудани Африқои Ҷанубӣ дар 21-уми сентябри 2010 номи он аз «БРИК»  ба «гурӯҳи БРИКС»  тағир ёфт.

Понздаҳумин нишасти сарони   БРИКС аз сешанбеи гузашта то панҷшанбе дар минтақаи Мали  «Сандтон» Ҷоҳаннесбург дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд. Сайид Иброҳими Раисӣ, Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳам бомдоди панҷшанбе ба даъвати расмии оқои Сирил Рамафоса, Раиси Ҷумҳӯрии Африқои Ҷанубӣ барои ширкат дар нишасти сарони БРИКС вориди ин кишвар шуд. Дар ин нишаст. Раиси Ҷумҳӯрии Африқои Ҷанубӣ дар нишасти хабарии муштарак бо сарони кишварҳои Русия, Чин, Бразиля ва Ҳинд, мувофиқати гурӯҳи БРИКС бо пайвастани Эрон, Аргентина, Арабистон, Миср, Иморот ва Етиопия ба ин гурӯҳро эълом кард.

Пайвастани Эрон ба гурӯҳи БРИСК-ро метавон саввумин дастоварди муҳимим давлати сездаҳуми Эрон дар сиёсати хориҷа унвон кард. Пайвастан ба Созмони Ҳамкории Шанхай ва эҳёи равобити Арабистони Саъудӣ ду дастоварди дигари давлат дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ буд. БРИСК як эътилофи фароқораӣ аст ва кишварҳое аз қорҳои Осиё, Африқо ва Аврупо, ки  ҳар як аз иқтидорҳои навзӯҳури иқтисоди ҷаҳонӣ ҳастанд ва ҳамчунин ду узви он яъне Русия ва Чин аз аъзои доими Шӯрои амният ва дорои ҳақи вуту ҳастанд, бар ҷойгоҳи ин гурӯҳ афзӯда аст.

Паёми муҳими пайвастани Эрон ба Шанхай ва БРИКС ин аст, ки сисёсати мунзависозии Эрон дар низоми ҷаҳонӣ на танҳо шикаст хурда балки амалан истиқбол аз тақвияти равобит бо Эрон ба хусус аз сӯйи қудратҳои бузург ва навзӯҳур шакл гирифтааст. Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон унвон кард пайвастани Эрон ба Брикс хати бутлоне бар таҳримҳо ва мунзавӣ сохтани Эрони сарбаланд ва фурсате барои густариши равобити сиёсӣ ва мубодилоти тиҷорӣ аст. Вай ҳачунин навишт: Кишварҳои гурӯҳи БРИКС  бо ҷамъияти беш аз 3 миллиард нафар, ки 40 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон аст ва бархурдорӣ аз масоҳате ба андозаи як саввуми кураи замин, аз зарфияти муҳиме барои ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бархурдор ҳастанд ва мутақобилан зарфиятҳои арзишманди кишварамон аз ҷумла мавқеъияти жеополетик ва жеостратежик, манобеъи энержи, нерӯи инсонии мутахасис ва коромад, пешрафтҳои чашмгир дар арсаҳои мухталиф ва собити пойдори сиёси мавриди таваҷҷӯҳи аъзои БРИКС аст.

Паёми муҳими узвияти расмии Эрон дар БРИКС низ ин аст, ки хунсосозҳии таҳримҳои Амрико ва Аврупо имконпазиртар аз гузашта мешавад. Козим Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Русия дар хусуси узвияти Эрон дар гурӯҳт БРИКС дар саҳифаи иҷтимоъии худ навишт: Пазириши узвият дар БРИКС, дар таъомулоти наздик ва эътимодсозӣ бо аъзои асли ва муассиси он ба даст омад, ки фурсатҳои ҷаддидеро дар пуёиҳои сиёсати хориҷаи Эрон, дар масири рушд ва муқобила бо фишор ва таҳримҳои Ғарб фароҳам меоварад.

Яке аз аҳдофи БРИКС инфисол аз доллар ба унвони арзи меъёри тиҷорати байналмиллалӣ аст, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, ки бо ҳадафи хунсо созии таҳримҳои Амрико, муомила бо арзҳои миллӣ ё ғайр аз долларро дар дастури кор дорад, метавон аз ин сиёсати БРИКС баҳра гирад. Вебгоҳи хабаргузории Блумберг дар гузорише навишт бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки бештари тиҷорати ҷаҳони энержи ба доллар анҷом  мешавад. Рушди БРИКС тавоноиаш барои пешбурди тиҷорат бо арзҳои ҷойгузинро тақвият мекунад.