Сентябр 25, 2023 12:12 Asia/Dushanbe
  • Улгӯи рафтории ин террористҳо ба маротиб фаннитару печидатар аз улгӯи маъмули ҷараёнҳои такфирӣ будааст
    Улгӯи рафтории ин террористҳо ба маротиб фаннитару печидатар аз улгӯи маъмули ҷараёнҳои такфирӣ будааст

Вазорати иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон дар иттилоияе аз хунсосозии 30 инфиҷор, ҳамзамон дар Теҳрон ва боздошти 28 террорист хабар дод.

Дар иттилоияи рӯзи якшанбеи Вазорати иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон омадааст: “Бо вуҷуди ДИИШ-ӣ будани авомили дастгиршуда, модели тарроҳии ин амалиёт ва улгӯи рафтории ин террористҳо ба маротиб фаннитару печидатар аз улгӯи маъмули ҷараёнҳои такфирӣ будаву интибоқи маънодоре бо шеваҳо ва созукорҳои шинохташудаи режими ишғолгари саҳюнистӣ дорад. Эъмоли тахассуситарин шеваҳои ташкилотии мунқатеъ ва селлулӣ, истифода аз равишҳое барои фиребу машғулсозии афсарони иттилоотии худӣ, тамаркузи иртиботот бар шабакаҳои иҷтимоии бегона, ба вижа Ватсап, истифода аз аносири воситу чандгонаи дар иртиботот, бакоргирии ҷаълсозони комилан ҳирфаӣ барои таъмини мадорики мавриди ниёз ва даҳҳо муаллафаи дигар аз ин қабил, ҷумлагӣ нишон аз вуҷуди маншаи фаротар аз гурӯҳаки ДИИШ дар пушти саҳнаи авомили боздоштшуда аст”.

Тардиде нест, ки муваффақияти неруҳои иттилоотиву амниятии Эрон дар хунсосозии ин тарҳҳои террористӣ ҳовии нукоте муҳим аст, ки аз он ҷумла метавон ба дасти бартари иттилоотии Эрон дар баробари душманон ишора кард. Дасти бартари иттилоотии Эрон ҳамонанди тавони низомиву дифоӣ, аз муаллафаҳои иқтидори кишвар маҳсуб мешавад. Зарба ба аносири як шабакаи густардаи террористӣ - саҳюнистӣ дар 4 устони Эрон дар шаҳривари гузашта зарба ба як шабакаи созмондеҳии иғтишошот, хунсосозӣ ва пешгирӣ аз харобкории созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ (Моссад) дар саноеи дифоии Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамчунин дастгирии 200 террористу кашфу хунсосозии ҳудуди 400 бомба дар саросари кишвар дар соли ҷорӣ аз намунаҳои боризи муваффақиятҳои ахири дастгоҳҳои иттилоотиву амниятии Эрон ба шумор меравад.

Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки душманоне ҳамчун Амрико ва режими саҳюнистӣ, ки дарёфтаанд имкони рӯёрӯии мустақими низомӣ бо Эронро надоранд, дар мақтаи кунунӣ ҳар чӣ бештар бар иқдомоти террористӣ ва ҳамчунин мавзӯоте ҳамонанди иғтишошоту шабакасозӣ барои густариши ошӯбу ноамнӣ дар Эрон мутамаркиз шудаанд ва бар ҳамин асос дар қолаби як ҷанги таркибӣ пружаи ноамнсозии Эронро дунбол мекунанд. Дар ҳамин чорчӯб, барномарезӣ барои чандин инфиҷор дар Теҳрон низ бо ҳадафи шикастани иқтидори амниятиву ироаи тасвире бесубот аз кишвар, эҷоди яъсу ҳарос дар ҷомеа ва таҳрик ба ошӯбу иғтишош, дақиқан барои мақтаи солгарди иғтишошоти соли гузашта барномарезӣ шуда буданд.

Дар ин ҳол бояд ба ин нукта низ ишора кард, ки ҳарчанд душманон аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломии Эрон аз ҳамаи тавони худ барои ба шикаст кашондани ин инқилоб ва ё ноумед кардани мардум аз тариқи эҷоди ноамнӣ истифода кардаанд, аммо ба баракати ҳушёрии миллату муҷоҳидатҳои неруҳои иттилоотӣ, амниятӣ ва низомии Эрон дар майдонҳои хатиру ҳассоси сиёнат аз амнияту осоиши меҳани исломӣ, ҳамвора нақшаҳову тавтеаҳои занҷираии печидаи сервисҳои иттилоотиву амниятии душман нокоромад ва натиҷае ҷуз шикаст барои онон надоштааст.