Футболи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ; Тасовии Эрону Узбекистон дар Тошканд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i109322-Футболи_муқаддамотии_Ҷоми_ҷаҳонӣ_Тасовии_Эрону_Узбекистон_дар_Тошканд
Тими миллии футболи Эрон бо тасовӣ баробари Узбекистон дар дуюмин дидори муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ чаҳор имтиёзӣ шуду дар садри гуруҳ боқӣ монд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Ноябр 22, 2023 14:41 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи Эрон бо тасовӣ баробари Узбекистон дар дуюмин дидори муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ чаҳор имтиёзӣ шуду дар садри гуруҳ боқӣ монд.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва симо, тими миллии футболи Эрон дуюмин мусобиқаи худ дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ дар Тошканд баробари тими Узбекистон бо натиҷаи ду бар ду ба тасовӣ даст ёфт.

Ромини Ризоиён ва Меҳдии Торамӣ дар дақоиқи 14 ва 38 ду голи Эронро дар ин бозӣ ба самари расонданд ва голҳои Узбекистон дар дақиқаи 52 ва 83 вориди дарвозаи Эрон шуд.

Эрону Узбекистон бо ин тасовӣ 4 имтиёзӣ шуданд, аммо Эрон ба далели тафозули голи беҳтар ҳамчунон дар садри гуруҳи “E” истод.