Сарлашкар Саломӣ: Ҳеҷ кас ҷуръати ҷасорат ба Эронро надорад
(last modified Thu, 14 Dec 2023 12:50:37 GMT )
Декабр 14, 2023 17:50 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Ҳеҷ кас ҷуръати ҷасорат ба Эронро надорад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Дар замони кунунӣ ҳеҷ кас ҷуръати ҷасорат ба миллат ва сарзамини Эронро надорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,сардор, сарлашкар Ҳусайни Саломӣ- фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар ёдвораи 10 ҳазор шаҳиди устони Озарбойҷони шарқӣ (шимолу ғарби Эрон) бо ишора ба инки душманон ҳамчунон думболи ин ҳастанд, ки миллатҳои мусулмонро аз ҳуқуқи худ маҳрум кунанд, гуфт: Онҳо мехоҳанд ҳамонанди Фаластин сарзаминҳои мусулмононро ишғол кунанд; намунаи он ҳамла ба Ғазза ва бомбаборони ин сарзамин аст.

 Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо маҳкум кардани ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба бемористонҳо ва манотиқи маскунӣ ва хадамотӣ хотирнишон кард: Кӯдаккушӣ ифтихорӣ режӣмӣ саҳюнистӣ аст ва саҳюнистҳо пирӯзии худро дар ба шаҳодат расондани анбӯҳе аз миллатҳо ва кӯдакон, пирамардон ва пиразанон медонанд.

 Сарлашкар Саломӣ бо баёни инки акнун дар байни миллатҳои ҷаҳон нафрати умумӣ аз режими саҳюнистӣ ба авҷи худ расидааст, гуфт: Ҳамаи миллатҳо барои ҳимоят аз Фаластин ва эъломи нафрату инзиҷор аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ба майдон омадаанд.

Бинобар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори шаҳидони таҷовузи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябр то кунун ба 18 ҳазору 608 нафар расидааст.

 Ҳамчунин шумори маҷрӯҳони таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ба беш аз 50 ҳазору 594 нафар афзоиш ёфтааст.