Канъонӣ: Мардуми Эрон ниёзе ба табрику дилсӯзии дурӯғгӯёну мунофиқон надоранд
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иқдоми риёкоронаи муовини намояндаи вижаи Амрико барои табрик ба мардуми Эрон ба муносибати шаби Ялдо гуфт: Мардуми Эрон ниёзе ба табрику дилсӯзии дурӯғгӯёну мунофиқон надоранд.
Абрам Пейли, ҷонишини намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон рӯзи панҷшанбе бо интишори паёме видеоӣ ба муносибати шаби Ялдо, ин ҷашнро ба мардуми Эрон табрик гуфт.
Вай бо ишора ба аҳамияти «Ялдо» барои бисёре аз мардуми Эрону ҷаҳон, ин шабро «замоне барои шодиву ҷашн» хонд.
Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба паёми қоиммақоми намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон ба муносибати шаби Ялдо, дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Икс навишт: Вақоҳату нифоқ дар сиёсати Амрико нисбат ба Эрон ба наҳви беморгунае ниҳодина шудааст.
Канъонӣ афзуд, агар фақат мавзеъгирӣ ва амалкарди Амрико дар қиболи наслкушии фаластиниён дар ин 77 рӯзи ахирро мелок қарор диҳем, ниёзе ба мутолеаи амалкарди ин кишвар дар яксад соли гузашта нахоҳем дошт то умқи нифоқу дурӯии Амрико дар робита бо ҳуқуқи башару демократияро дарёбем.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, мардуми Эрон ниёзе ба табрику дилсӯзии дурӯғгӯёну мунофиқон надоранд.