Ташиъи шуҳадои ҷинояти террористии Кирмон фардо ҷумъа
(last modified Thu, 04 Jan 2024 08:47:30 GMT )
Январ 04, 2024 13:47 Asia/Dushanbe
  • Ташиъи шуҳадои ҷинояти террористии Кирмон фардо ҷумъа
    Ташиъи шуҳадои ҷинояти террористии Кирмон фардо ҷумъа

Пайкари шуҳадои ҷинояти террористии гулзори шуҳадои Кирмон ҷануби Эрон фардо ҷумъа ташиъ мешавад.

Асри дирузи чаҳоршанбе 3 январ дар маросими чаҳорумин солгарди сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондиҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири мунтаҳи ба гулзори шуҳадои Кирмон ҷануби Эрон ду инфиҷори террористӣ дар миёни зоирони ин маросим руй дод ки бар асари он 84 нафар шаҳид ва 284 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Ҳайати давлати Эрон имрузи панҷ шанберо азои умуми эълом кард.

Дар ин замина Муҳамадмаҳдии Фидокор устондори Кирмон дар гуфтугу бо хабарнигори Форс дар Кирмон гуфт: То ин лаҳза омори қатъи масдумон ва шуҳадои инфиҷорҳои террористии масири гулзори шуҳадои Кирмон 84 шаҳид ва 284 маҷруҳ аст ва 70 дарсади шуҳадо шиносоӣ шудаанд ки умдатан аз Кирмон ҳастанд.

Муҳамадмаҳдии Фидокори афзуд: Ташиъи пайкари шуҳадо фардо ҷумъа анҷом мешавад.

Устондори Кирмон бо ишора ба тархиси 30 нафар аз 284 маҷруҳи ҷинояти террористии гулзори шуҳадои Кирмон гуфт: Бақияи маҷруҳон дар бемористонҳо бистари ҳастанд ки албата ҳоли бархе аз онҳо бад аст.

Дар ҳамин ҳол Аҳмади Ваҳидӣ вазири кишвари Эрон субҳи имруз панҷшанбе пас аз аёдат аз маҷруҳони инфиҷорҳои террористӣ дар бемористони шаҳид Боҳунари Кирмон гуфт: Терруристҳои курдил омилон ва ҳомиёни онҳо бояд аз хашми миллат Эрон битарсанд.

Аҳмади Ваҳидӣ дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард терруристҳои курдил дар қабзаи қудрати дастгоҳҳои итилоъоти ва амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон гирифтор хоҳанд шуд ва терруристҳо ва ҳомӣонишони силии муҳками дарёфт хоҳанд кард.