Раисӣ: Сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дифо аз мазлумон аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, сиёсати Эронро дифо аз мазлумон ва хурӯшидан бар золимон эълом кард.
Ба гузориши ИРНА, Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон рӯзи (шанбе) бо ҳузур дар иҷтимои мардуми Занҷон зимни маҳкӯмияти ҷинояти террористии Гулзори шуҳадои Кирмон ва бо баёни инки сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дифо аз мазлӯмони олам ва хурӯшидан бар золимон ва мустакбирон аст, гуфт: Бо вуҷуди тавтеаҳои душманон дар арсаҳои мухталиф, миллати Эрон рӯи пои худ истода ва пирӯз аст.
Вай дар идома бо ишора ба пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи илму фанноварӣ афзуд, миллати Эрон бо вуҷӯди таҳримҳо ва душманиҳо гомҳои баланде бардошт ва ба ҷаҳон нишон дод бо такя бар арзишҳои илоҳӣ метавонад кишваре пешрафта ва фанновар шуд ва имрӯз Эрон чунин кишваре дар ҷаҳон аст.
Раисӣ бо таъкид бар истифодаи сулҳомези Эрон аз энержии ҳастаӣ, гуфт, душман гумон мекард бо террори донишмандон метавонад саноати ҳастаии кишварро мутаваққиф кунад, аммо натавонист.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, ба эътирофи мақомҳои кишварҳо ва масъӯлони олии минтақа ва соҳибназарон, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобили истикбор истодагӣ карда ва аҳдофи худро бо қудрат дунбол мекунад.
Раисӣ дар идомаи гурезе ба таҳаввулоти Ғазза зад ва гуфт, душманӣ бо миллати Эрону шаҳид Сулаймонӣ барои он аст, ки низоми Ҷумҳурии исломӣ, миллат ва Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бар ҳаққи Фаластину ҳаққи мазлӯмон таъкид доранд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки ботил аз миён рафтанист, гуфт, ки Фаластин мазлӯми муқтадир аст ва режими ҷаълии саҳюнистӣ ҳатман аз байн рафтанӣ ва нобуд аст.