Бозтоби густардаи партоби моҳвораи эронии “Ноҳиди 2” дар расонаҳои ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121194-Бозтоби_густардаи_партоби_моҳвораи_эронии_Ноҳиди_2_дар_расонаҳои_ҷаҳон
Порс-Тудей. Партоби моҳвораи эронии  “Ноҳиди 2”,  бо мушаки Союзи Русия бозтоби густарда дар расонаҳои байналмилалӣ доштааст .
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Июл 28, 2025 08:28 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густардаи партоби моҳвораи эронии “Ноҳиди 2” дар расонаҳои ҷаҳон
    Бозтоби густардаи партоби моҳвораи эронии “Ноҳиди 2” дар расонаҳои ҷаҳон

Порс-Тудей. Партоби моҳвораи эронии  “Ноҳиди 2”,  бо мушаки Союзи Русия бозтоби густарда дар расонаҳои байналмилалӣ доштааст .

Моҳвораи эронии  “Ноҳиди 2”,  рӯзи ҷумъа ( 25 июли 2025 ) бо истифода аз партобгари Союзи Русия аз пойгоҳи фазоии Восточнӣ  ба фазо партоб шуд .

Ба гузориши Порс-Тудей, “Euronews”, партоби моҳвораи эронии  “Ноҳиди 2”- ро муваффақиятомезу нишонае аз равобити наздики ду кишвари Эрон ва Русия донист .

“Дон Ниюз”- и  Покистон низ онро гувоҳи ҳамкориҳои фазоии рӯ ба рушди байни Эрону Русия тавсиф кард.

Бар асоси гузориши “Ассошиэйтед Пресс” , моҳвораи эронии  “Ноҳиди 2”,  як моҳвораи мухобиротӣ бо умри амалиётии дусола аст . Шабакаи телевизиюнии  “Алҷазира”,  низ бар ҷадидтарин “дастоварди муҳандисони эронӣ будани ин моҳвора” таъкид кард .

Шабакаи ҳиндӣ, ин маъмуриятро бахше аз барномаи чанд моҳуораии Русия бо ҳадафи истиқрори моҳвораҳои илмӣ , таҳқиқотӣ ва тиҷорӣ дар мадор замин донист .

“Таймси Ҳинд” (The Times of India) аз нигоҳи манфии ғарбиҳо хабар дод ва гуфт : Kишварҳои ғарбӣ иддао мекунанд, ки талошҳои фазоии Эрон бо ҳадафи тавсеаи барномаи мушакӣ анҷом мешавад дар ҳоле, ки Теҳрон исрор дорад ин барномаи сулҳомезу сирфан илмӣ аст!

Расонаи чинии “Шанхай I” эълом кард, пойгоҳе, ки партоби моҳвораи эронии “Ноҳиди 2” аз он анҷом шуд, таҳти назорати ожонси фазоии Русия аст, ва барои партобҳои ғайринизомии мавриди истифода қарор мегирад ; Mавзӯе ки бахше аз нигарониҳои Ғарбиро ташкил додааст .

“The Washington Post”  ва “The Independent” низ партоби моҳвораи эронии “Ноҳиди 2” -ро нишонае аз равобити қавии Эрон ва Русия донистанд .

“Newsweek”- и Амрико ин равобитро намоди таъмиқи ҳамкориҳои стратегӣ ва омили нигаронии кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии  Амрико тавсиф карду иллати ин нигарониҳоро нокоромадии таҳримҳои ғарбӣ донист . Ин партоб , мустаҳкам кардани робитаҳои технологӣ миёни Русияу Эронро дар буҳбуҳаи афзоиши фишорҳои Ғарб бар ҳар ду кишвар нишон медиҳад ва баёнгари пешрафти мустамари Эрон дар фанноварии моҳвораӣ аст ; Эрон бо ин дастовард на танҳо қобилиятҳои худро афзоиш дода , балки паёми сиёсии ошкоре низ ирсол кардааст .  

“Таймси Исроил” низ бо ишора ба имзои паймони ҳамкориҳои стратегӣ  миёни Русияу Эрон , норизоятии худро аз партоби муваффақи моҳвораи эронии “Ноҳиди 2” аз пойгоҳи фазоии Русия иброз кард, ва ёдовар шуд Русия ҳамалоти Исроилу Амрико ба Эронро ба шиддат маҳкум кардааст .