Партоби муваффақиятомези моҳвораи мухобиротии “Ноҳиди 2” –и Эрон ба фазо
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121156-Партоби_муваффақиятомези_моҳвораи_мухобиротии_Ноҳиди_2_и_Эрон_ба_фазо
Порс-Тудей. Моҳвораи мухобиротии “Ноҳиди 2”-и Ҷумҳурии исломии Эрон тавассути моҳворабари “Союз” аз пойгоҳи “Восточний”-и Русия, бо муваффақият ба фазо партоб шуд.
(last modified 2025-07-25T10:01:22+00:00 )
Июл 25, 2025 14:59 Asia/Dushanbe
  • Партоби муваффақиятомези моҳвораи мухобиротии “Ноҳиди 2” –и Эрон ба фазо

Порс-Тудей. Моҳвораи мухобиротии “Ноҳиди 2”-и Ҷумҳурии исломии Эрон тавассути моҳворабари “Союз” аз пойгоҳи “Восточний”-и Русия, бо муваффақият ба фазо партоб шуд.

Ин моҳвораи мухобиротӣ ба ҳиммати муҳаққиқини санъати фазоии Эрон дар созмон ва пажӯҳишгоҳи фазоии Вазорати иртибототу фанноварии иттилоот ва бо ҳамроҳиву ҳамкории шабакае аз ширкатҳои донишбунёни Эрон сохта шудааст.

Сохту партоби ин моҳвораи ҳудуди 110 килограмӣ яке аз муҳимтарин гомҳои санъати фазоии Эрон барои иртибототи моҳвораӣ, эҷоди манзумаҳои моҳвораии мухобиротии иртифои поин (LEO) ва моҳвораҳои мухобиротии иртифои боло (GEO) аст.

Бо мадоргузории ин моҳвора, фанновариҳои бумии фазоӣ барои иртибототи бонди “Ku” барои аввалин бор мавриди тести амалиётӣ дар мадор қарор мегиранд. /ИРНА