Боздошти 32 нафар дар иртибот бо парвандаи ҷинояти террористии Кирмон
Додситони устони Кирмон ҷануби Эрон аз боздошти 32 нафар дар иртибот бо парвандаи ҷинояти террористии шаҳри Кирмон хабар дод.
Асри рузи чаҳоршанбе 3 январ дар маросими чаҳорумин солгарди сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондиҳи пешини неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири мунтаҳи ба гулзори шуҳадои Кирмон ҷануби Эрон ду инфиҷори террористӣ ки гуруҳаки террористии ДИИШ масъулияти онро бар уҳда гирифт дар миёни зоирони ин маросим руӣ дод ки бар асрон 91 нафар шаҳид аз ҷумла 22 дониш омуз ба шаҳодати расиданд.
Меҳдии Бахши додситони устони Кирмон дар гуфугуи телевизиюнӣ гуфт: 32 нафар дар парвандаи ҷинояти террористии Кирмон боздошт шудаанд ки дар ҳоли марҳалаи бозҷуӣ ва мароҳил муқаддамоти ҳастанд.
Бахше бо ишора ба кашфиёти суратгирифта қабл аз маросими чаҳорумин солгарди шаҳодати генерал Сулаймонӣ афзуд: 16 бомб дар устони Кирмон кашф шуд ки қудрати инфиҷори ҳар кадом аз он бомбҳо аз ин ҷилиқаҳои омили интиҳори бештар буд аммо бо талоши неруҳои амниятӣ ин бомбҳо кашф шуд.
Бахши бо баёни ин ки ҳодисаи террористии Кирмон аз абъоди мухталиф дар ҳол баррасӣ аст афзуд: Яке аз авомили интиҳорӣ дар ҷинояти Кирмон шаҳрванди Тоҷикистон буда аст ва ҳувияти бақияи афроди ҳам дар ҳол баррасӣ аст.
Ба гуфта Бахши 2 омили интиҳорӣ ки қасди амалиёт дар ойини ташйиъи шуҳадои сониҳаи террористии Кирмонро доштанд ҳам қабл аз маросим шиносоӣ шуданд ки таъйину таклифи иттилоотӣ шудаанд.