Январ 09, 2024 17:55 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил; Ифшои нақши ҷосӯси ҳоландӣ дар харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии Эрон

Рӯзномаи ҳоландии «Volkskrant» гузориш дод, ки дар соли 2007 як шаҳрванди ҳоландӣ дар нақшаи Амрико ва Исроил барои харобкорӣ дар таъсисоти ғанисозии урани Натанз нақши асосӣ доштааст.

Ин шаҳрванди ҳоландӣ, ки Eric Fan Suben ном дорад, дар олӯда кардани сомонаҳои кантролкунандаи ин таъсисот ба вируси роёнаии «Stuxnet» нақши калидӣ ифо кард. Fan Suben, ки дар он замони 36 сола буд, ду ҳафта пас аз иҷрои маъмурияти худ дар як тасодуфи моторсиклет дар наздикии манзилаш дар Дубай фавт кард.

Дар ин гузориш омадааст, ки Созмони иттилооти Ҳоланд ин фардро истихдом кард, аммо давлати вақти Ҳоланд ва Кумитаи умӯри амниятии порлумони ин кишвар аз ҳамкории ин табааи ҳоландӣ дар ин амалиёт огоҳӣ надоштанд. Бар асоси ин таҳқиқот Моссад ва СИЁ дар соли 2004 , аз Ҳоланд хоста буданд то барои дастрасӣ ба таъсисоти Натанз ба онҳо кумак кунад. Се сол баъд аз он, як маъмури махфӣ, ки дар нақши муҳандиси механикии як ширкати паймонкор дар Натанз машғӯли кор буд, «Stuxnet» -ро ба системаҳои ҳадаф мунтақил кард. Яке аз манобеи огоҳ дар ин робита гуфта буд: «Ҷосӯси ҳоландӣ муҳимтарин бахш (барнома) вуруди вируси «Stuxnet» ба Натанз буд.»

Рӯзномаи ҳоландии «Volkskrant»  дар 2 соли гузашта машғӯли анҷоми таҳқиқот дар бораи ин амалиёти харобкорона буда ва бо чандин нафар, аз ҷумла 19 фарди шоғил дар сервисҳои амниятии ҳоланд гуфтугӯ кардааст. Ин рӯзнома дар 2019 гузориш дод, ки Ҳоланд дар ин амалиёти харобкорӣ нақши пурранге дошта, аммо дар он замон тасаввури умумӣ ин буд, ки вируси мазкӯр тавассути як муҳандиси эронӣ ба роёнаҳои Натанз мунтақил шудааст. Вируси «Stuxnet» мӯҷиби бурузи вақфа дар барномаи ҳастаии Эрон шуда ва дар роёнаҳои сартосари ҷаҳон густариш ёфт.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, Амрико ва Исроил илова бар Ҳоланд ҳамкороне аз ду кишвари Олмону Фаронса низ доштанд. Номи ин амалиёт низ ба ҳамин хотир бозиҳои олимпӣ интихоб шуда буд, чаро ки истиорае аз панҷ ҳалқаи намоди машҳуртарин рӯйдоди байналмилалии варзишии ҷаҳон буд. Бо ин ҳол дар гузоришҳои мунташир шуда ба нақши Созмони иттилооти Британия дар ин пружа низ ишора мешавад.

Ифшои мушорикати Ҳоланд ба унвони яке аз муттаҳидони наздики Амрико дар Аврупо дар амалиёти сойберии харобкорона дар таъсисоти ҳастаии Натанз бори дигар парда аз моҳияти воқеии иқдомоти Амрико ва муттаҳидонаш алайҳи кишварҳои мухолифи султаи Ғарб ва низ меъёрҳои дугонаи ғарбиҳо дар заминаи ҷанги сойберӣ парда бармедорад.

Иқдоми Амрико ва Исроил барои ҳамлаи сойберӣ ба таъсисоти ҳастаии Натанзи Эрон дар воқеъ мавзеи дугонаи Вашингтон дар қиболи истифода аз қудрати сойбериро равшан мекунад. Амрикоҳо ҳар гоҳ худ иқдом ба ҳамлаи сойберӣ алайҳи душман кунанд, ки намунаи боризи он ҳамлаи сойберӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон бо вируси «Stuxnet» буд, онро муваҷҷаҳ ва машрӯъ қаламдод мекунанд, дар ҳоле, ки иқдоми мушобеҳ аз сӯи дигар кишварҳои рақиб ё хасмро барнаметобанд.

Нуктаи муҳимм инки ҳамла алайҳи таъсисоти ҳастаии чӣ ба сӯрати физикӣ ва ё сойберӣ, ки метавонад мунҷар ба бурузи осеб ба таъсисоти ҳастаӣ шавад бар хилофи қавоиди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дониста шудааст. Қатънома GC ( XXIX ) /RES/444 Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки дар 27 сентябри 1985 дар конфаронси умумии он тасвиб шуд хотир нишон мекунад, ки "ҳар гуна ҳамлаи мусаллаҳона таҳдид алайҳи таъсисоти ҳастаӣ ихтисос ёфта барои мақосиди сулҳоме , ба масобаи нақзи ҷиддии усӯли маншури Милали муттаҳид, ҳуқуқи байналмилал ва асосномаи ожонс маҳсуб мешавад."

Бар хилофи иддаои мақомоти Вашингтон, ки ҳамвора дигар кишварҳоро муттаҳам ба ҳамалоти сойберӣ алайҳи Иёлоти муттаҳида мекунанд, Амрико ҳамвора аз аввалин ва бузургтарин кишварҳое маҳсӯб мешавад, ки аз фазои сойберӣ барои эъмоли фишор ва дар воқеъ таҳоҷум бар алайҳи соири кишварҳо, аз ҷумла Эрон истифода намудааст. Дар воқеъ амрикоиҳо худ масъӯли бахши зиёде аз ҳамалоти сойберӣ дар сатҳи ҷаҳон маҳсӯб мешаванд. Амрико яке аз муҳимтарин кишварҳое аст, ки собиқаи тӯлонӣ дар ҳамалоти сойберӣ ба марокизи давлатӣ ва ғайридавлатии дигар кишварҳо ва низ тавлиди вирусҳои мухарриби роёнаӣ аз ҷумла «Stuxnet» дорад.

Дар ин замина Эдвард Сноуден, ифшогари иқдомоти ҷосӯсии сойберии Амрико ва паймонкори пешини Ожонси амнияти миллии Амрико дар соли 2013 эълом кард, ки ин ожонс пушти саҳнаи ҳамалоти сойберӣ дар сатҳи ҷаҳон қарор дорад ва токунӯн 74 кишварро мавриди ҳамла қарор додааст. Дар айн ҳол, набояд фаромӯш кард, ки ҳамалоти сойберӣ ба масобаи теғе дулаба маҳсӯб мешавад, ки тавассути душманони Амрико низ метавонад ба наҳви муассире алайҳи он мавриди истифода қарор гирад.

 

Барчасп