Феврал 07, 2024 17:54 Asia/Dushanbe
  • Номи имом Хумайнӣ (раҳ) дар таърихи башарият сабт шудаасту фаромӯш шуданӣ нест
    Номи имом Хумайнӣ (раҳ) дар таърихи башарият сабт шудаасту фаромӯш шуданӣ нест

Сиёсатмадору нависандаи барҷастаи нигерияӣ гуфт: Инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ), улгӯе барои озодихоҳон дар саросари ҷаҳон аст то кишварҳои худро озоду мустақил кунанд.

Муҳаммад Иброҳим Гомово ба муносибати чиҳилупанҷумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Эрон Пресс” дар Абуҷа гуфт: Инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ) чароғи озодиро дар ҷаҳон равшан кард ва ин инқилоби мардумӣ намоди озодихоҳӣ дар ҷаҳон шудааст.

Сиёсатмадору нависандаи машҳури нигерияӣ афзуд, инқилоби исломии Эрон ба мардуми озодаи ҷаҳон омӯхт, чӣ гуна кишварҳои худро аз султаи истеъморгарону дастнишондагони онон озод кунанд.

 

Муҳаммад Иброҳим Гомово дар бораи идомаи инқилоби исломии Эрон бо вуҷуди таҳримҳову тавтеаҳои истикбори ҷаҳонӣ ҳам таъкид кард, инқилоби исломии Эрон бо мардуме қудратманд, даҳаҳо бидуни ларзиш истодаву дасти истикбори ҷаҳониро кӯтоҳ кардааст.

Ин мутафаккири нигерияӣ бо баёни ин ки имом Хумайнӣ (раҳ) пояҳои инқилоби исломии Эронро мустаҳкам бино ниҳоданду нобуд шуданӣ нест, изҳор дошт, инқилоби исломии мардуми Эрон дар манотиқи мухталифи ҷаҳон тарафдороне пайдо карда ва ҳар фарде орзӯи доштани кишваре монанди Эронро дорад, чун инқилоби исломӣ бар касе таҳмил нашудааст.

Ин олими исломӣ дар Нигерия бо баёни ин ки инқилоби исломии Эрон озодии интихобро барои мардум муҳайё мекунад, гуфт: Номи имом Хумайнӣ (раҳ) дар таърихи башарият сабт шудаасту фаромӯш шуданӣ нест.

Ин мутафаккири нигерияӣ ҳамчунин изҳор дошт, инқилоби исломии Эрон пас аз реҳлати имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳамон усулу арзишҳои бунёдӣ аз сӯи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбарӣ мешавад ва эшон ҷонишини барҳаққи имом Хумайнӣ (раҳ) ҳастанд.

45 сол пеш, дар рӯзи дувоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (якуми феврали 1979) ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, пас аз понздаҳ соли дуриву табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд. Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди эшон ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали соли 1979) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

 

Барчасп