Сафири Эрон дар СММ: Оинномаи СММ бо озмоиши тақдирсоз рӯбарӯ аст
-
Амир Саид Еревонӣ, сафир ва намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид
Порс тудей - Сафир ва намояндаи доимии Эрон дар СММ бо интиқод аз равиши интихобӣ аз Шӯрои Амният таъкид кард, ки сӯиистифода аз идомаи сиёсии механизмҳои СММ эътибори ин ниҳод ва Оинномаи онро зери хатар гузоштааст.
Амир Саид Еревонӣ афзуд, ки Оинномаи СММ ва принсипҳои бисёрҷониба бо озмоиши ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Бо ишора ба ҳамлаи низомии режими Исроил ба Эрон дар 13 июни соли 2025, бо дастгирии Иёлоти Муттаҳида, Еревонӣ хомӯшии Шӯрои Амниятро омили заиф кардани қонуни байналмилалӣ донист.
Сафири Эрон инчунин кӯшиши се кишвари аврупоиро барои фаъолсозии ғайриқонунии механизми "snapback" тибқи Қатъномаи 2231 танқид карда, онро як амали сиёсӣ, ғаразнок ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беэътибор номид. Еревонӣ таъкид кард, ки ин рафторҳо эътимоди ҷаҳониро ба Созмони Милали Муттаҳид коҳиш додаанд; Шӯрои Амният бояд вазифаҳои худро беғаразона, самаранок ва бидуни тарафгирӣ нисбат ба қудратҳои бузург иҷро кунад, то аз сӯиистифодаи сиёсӣ ва якҷонибаи Оинномаи СММ пешгирӣ кунад ва эътибори Оинномаи СММ-ро ҳифз кунад.