Табрики вилодати ҳазрати Алии Акбар (а) ва Рӯзи ҷавон
(last modified Wed, 21 Feb 2024 06:19:16 GMT )
Феврал 21, 2024 11:19 Asia/Dushanbe
  • Табрики вилодати ҳазрати Алии Акбар (а) ва Рӯзи ҷавон

Имрӯз (чаҳоршанбе) ёздаҳи шаъбони 1445 ҳиҷрии қамарӣ (21феврали 2024) вилодати ҳазрати Алии Акбар (а), фарзанди Имом Ҳусайн (а) ва набераи Паёмбар (с) аст.

Ҳазрати Алии Акбар (а) дар 10 муҳаррами соли 61 қамарӣ дар воқеаи Ошӯро ба ҳамроҳи падари бузургворашон ва ёрони бо вафои он ҳазрат ба шаҳодат расиданд ва дар канори имом Ҳусайн (а) дар Карбало ба хок супурда шуданд.

Рӯзи вилодати ҳазрати Алии Акбар (а) дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон, Рӯзи ҷавон номгузорӣ шудааст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон солрӯзи вилодати ҳазрати Алии Акбар (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрику таҳният мегӯяд.