Кумаки ду миллиардтумонии Раҳбари инқилоб барои озодии зиндониёни ниёзманд
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ, маблағи 20 миллиард риёл барои кумак ба озодии зиндониёни ниёзманд ихтисос доданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар остонаи баргузории 37-умин Ҷашни гулрезони ситоди дияи кишвар вижаи кумак ба озодии зиндониёни ниёзманд, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ, маблағи бист миллиард риёл ба ин амри худописандона ихтисос доданд.
Ҷашни гулрезон ҳар сол дар моҳи мубораки Рамазон, ба ҳиммати Ситоди мардумии расидагӣ ба умӯри дия ва кумак ба зиндониёни ниёзманд бо ҳузури ҷамъе аз масъулон ва хайрини некӯкор дар Теҳрон ва шаҳрҳои мухталифи кишвар баргузор мешавад.