Ташарруфи зани олмонӣ ба дини Ислом дар ҳарами Имом Ризо (а)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i11290-Ташарруфи_зани_олмонӣ_ба_дини_Ислом_дар_ҳарами_Имом_Ризо_(а)
Як зани олмонӣ бо ҳузур дар Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) мусулмон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 06, 2017 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи зани олмонӣ ба дини Ислом дар ҳарами Имом Ризо (а)

Як зани олмонӣ бо ҳузур дар Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) мусулмон шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии остони Қудси Разавӣ, зани ҷавони олмонӣ дар нахустин ҳузури худ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад (шимоли шарқи Эрон) шаҳодатайнро бар забон овард ва мусулмон шуд.

 Ин зани олмонӣ, ки Надя ном дошт, пас аз ошноӣ бо ҳамсари мусулмони худ, хонаводаҳои эронӣ ва низ одобу русуми онон ба дини Ислом алоқаманд шуд.

 Бар асоси ин гузориш, дар соли 2016, 25 ғайриэронӣ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) мусулмон шудаанд.