Духтарони эронӣ қаҳрамони хоккейи Осиё ва Уқёнусия
Тими миллии хоккейи руи яхи бонувони Эрон бо иқтидор ба унвони қаҳрамонии рақобатҳои хоккейи руи яхи Осиё ва Уқёнусия даст ёфт.
Тими миллии хоккейи руи яхи бонувони Эрон дирӯз (шанбе) дар финали рақобатҳои қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия муваффақ шуд бо пирӯзии 4 бар 0 муқобили Филиппин, унвони қаҳрамонии рақобатҳои хоккейи руи яхи Осиё ва Уқёнусияро аз они худ кунад.
Духтарони Эрон дар ин рақобатҳо Иморот, Қирғизистон, Ҳинд ва Филиппинро шикаст, доданд то дар дувумин ҳузури худ дар рақобатҳои хоккейи руи яхи Осиё ва Уқёнусия, унвони қаҳрамониро ба даст биоваранд.
Ин рақобатҳо дар Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.
Тими миллии хоккейи руи яхи бонувони Эрон соли гузашта дар аввалин ҳузури худ дар рақобатҳои хоккейи руи яхи Осиё ва Уқёнусия, ба унвони ноибқаҳрамони ин рақобатҳо даст пайдо карда буд.