Нахуствазири Испания хитоб ба аврупоиҳо: Содироти силоҳ ба Исроилро мутаваққиф кунед
(last modified Fri, 30 May 2025 14:35:03 GMT )
Май 30, 2025 19:35 Asia/Dushanbe
  • Педро Сончез, нахуствазири Испания
    Педро Сончез, нахуствазири Испания

Порс-Тудей. Нахуствазири Испания аз кишварҳои аврупоӣ хост, содироти силоҳ ба режими Исроилро мутаваққиф кунанд.

Дар идомаи вокунишҳои байналмилалӣ ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза, Педро Сончез, нахуствазири Испания дар изҳороте аз тамомии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо хост то тавофуқномаи шарокат бо режими саҳюнистиро ба ҳолати таълиқ даровардаву содироти таслеҳот ба ин режимро мутаваққиф кунанд.

Ба гузориши Порс-Тудей, нахуствазири Испания рӯзи панҷшанбе гуфт: Наметавон дар баробари нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилали башардӯстона дар Ғазза ва кушта шудани беш аз 50 ҳазор инсон сокит монд.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳам таъкид кард, дар сурате ки авзои борикаи Ғазза беҳбуд пайдо накунад, кишварҳои аврупоӣ бояд мавзеи ҷамъии худ дар қиболи Исроилро сахттар кунанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки ба расмият шинохтани Фаластин на танҳо як масъулияти ахлоқӣ, балки як зарурати сиёсӣ аст.

Беш аз 300 шахсияти англисӣ ҳам дар номае хитоб ба Киер Стормер, нахуствазири ин кишвар хостори поён додан ба ҳамдастии Лондон дар ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза шуданд.

Имзокунандагони ин нома аз давлати Англия хостаанд то фурӯши таслеҳот ба режими саҳюнистиро ба ҳолати таълиқ даровард ва ин режимро барои додани иҷозаи вуруди фаврии кумакҳои башардӯстона ба Ғазза таҳти фишор қарор диҳад.

Пештар низ беш аз 800 вакилу шахсияти донишгоҳӣ ва қозӣ дар Англия бо ирсоли номае ба Киер Стормер, аз нахуствазири ин кишвар хостанд то ба тааҳҳудоти ҳуқуқи байналмилал пойбанд будаву алайҳи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза иқдом кунад.

Стефан Дуҷорик, сухангӯи Созмони Милал рӯзи панҷшанбе эълом кард, 600 комюн ҳомили кумакҳои башардӯстона дар самти гузаргоҳи Карим Абусолим омодаи вуруд ба Ғазза ҳастанд, аммо Исроил тайи се рӯзи гузашта монеъ аз дастрасии ин ниҳоди байналмилалӣ барои дарёфту тавзеи ин кумакҳо шудааст.

Ҳушдори Созмони Милал дар бораи адами ҳамкории Исроил барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза дар ҳоле аст, ки артиши режими саҳюнистӣ бо судури баёнияе дастури тахлияи фаврии манотиқе аз шимоли борикаи Ғаззаро содир кардааст. Артиши режими саҳюнистӣ дар ин баёния аз сокинони манотиқи Алъатотира, шаҳраки Ҷиболиё ва маҳаллаҳои Шуҷоия, Алдарҷ ва Аззайтун дар шимолу шарқи шаҳри Ғазза хост то ба сурати фаврӣ аз ин манотиқ хориҷ шаванд.

Дар ҳамин ҳол Созмони афви байналмилал дар баёнияе эълом кард, шаҳракнишинони саҳюнист ҷомеаи ашоирии фаластиниро овора кардаанд. Созмони афви байналмилал дар ин баёния аз иқдомоти шаҳракнишинони саҳюнист дар Каронаи Бохтарӣ алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ интиқод кард.