Олмон: Имкони эъмоли таҳримҳои ҷадид зидди Исроил қобили барраси аст
-
Юҳон Водфул вазири хориҷаи Олмон
Порс Тудей- вазири хориҷаи Олмон дар вокуниш ба изҳороти вақиҳонаи вазири амнияти дохилии режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва иқдомоти ҷинояткоронаи кобинаи ин режим зидди фаластиниҳо таъкид кард, ки эъмоли таҳримҳои ҷадид зидди режими кудакуши саҳюнистӣ аз суи Иттиҳодияи Аврупо гузинаи қобили барраси аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Юҳон Водфул вазири хориҷаи Олмон дар мусоҳибаи бо як рузномаи олмонӣ бо ишора ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зидди шаҳракнишинони ифротии саҳюнист ва созмонҳои ҳомии онҳо гуфт, ки Олмон аз ин таҳримҳо ҳимоят мекунад ва дар бораи иқдомоти бештар ба вижа дар қиболи Итмор Бингурюн вазири амнияти дохилии режими ҷинояткори саҳюнистӣ гуфтугу хоҳад кард.
Вай изҳороти вақиҳонаи вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, ки дар он хостори кушта шудани даҳҳо фаластинӣ дар Ғазза шуда будро ба шиддат маҳкум ва тасреҳ кард: Ин изҳорот ғайриқобили қабул аст ва давлати Олмон онро намепазирад.
Вазири хориҷаи Олмон таъкид кард, ки Берлин мавозеъи равшани дар қиболи ҳуқуқи байналмилал дорад ва ин мавозеъ дар қиболи режими ҷинояткори саҳюнистӣ низ содиқ аст.