Тазоҳуроти мардуми Англис дар ҳимоят аз фаластиниён
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125474-Тазоҳуроти_мардуми_Англис_дар_ҳимоят_аз_фаластиниён
Порс Тудей- ҳомиёни мардуми Фаластин дар шаҳрҳои мухталифи Англис дар эътироз ба вазъияти инсонӣ дар навори Ғазза ба хиёбонҳо омаданд.
(last modified 2026-08-23T07:26:24+00:00 )
Август 23, 2026 12:24 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Англис дар ҳимоят аз фаластиниён
    Тазоҳуроти мардуми Англис дар ҳимоят аз фаластиниён

Порс Тудей- ҳомиёни мардуми Фаластин дар шаҳрҳои мухталифи Англис дар эътироз ба вазъияти инсонӣ дар навори Ғазза ба хиёбонҳо омаданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз аз хабаргузории Садо ва Симо, садҳо нафар аз ҳомиёни Фаластин дар шаҳри Манчестер бо баргузории таҷамуъ хостори барқарории фаврии оташбас дар навори Ғазза ва поёни ҳимояти давлати Англис аз режими ҷинояткори саҳюнистӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол садҳо нафар дар муқобили додгоҳи салтанатии "Перстун" дар шимоли Англис таҷмуъ карданд ва зимни эъломи ҳимоят аз мардуми Фаластин бо панҷ фаъоли ҳомии Фаластин, ки ба далели эътироз ба равобити моли бонки "Борклиз" бо ширкати таслиҳотии исроилӣ "Элбит системз" дар ҳоли муҳокима ҳастанд эъломи ҳамбастагӣ карданд.

Ҳамчунин дар таҷамуъи дар муқобили сафорати режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар Ландан, муътаризон дар ҳимоят аз мардуми Ғазза таҷамуъ карданд ва хостори тавақуфи ҳамалот ва поёни муҳосира дар ин минтақа шуданд.

Ширкаткунандагон дар ин таҷамуъ бо дар даст доштани плокордҳое, ки руи онҳо шиъорҳои аз ҷумла "Даст аз гуруснаги додан ба мардуми Ғазза бардоред" ва "Наслкуширо мутавақиф кунед" навишта шуда буд эътирозоти худро нисбат ба вазъияти инсонӣ дар навори Ғазза эълом карданд.