Тафсир: "Эрон Экспо" намоиши зарфиятҳо ва тавонмандиҳои иқтисодии Эрон
(last modified Sun, 28 Apr 2024 13:56:01 GMT )
Апрел 28, 2024 18:56 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: \
    Тафсир: \"Эрон Экспо\" намоиши зарфиятҳо ва тавонмандиҳои иқтисодии Эрон

Шашумин намоишгоҳи тавонмандиҳои содирротии Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRAN EXPO 2024)، бо ҳадафи намоиши зарфиятҳо ва қобилиятҳои иқтисодии Эрон баргузор мешавад.

Шашумин намоишгоҳи тавонмнадиҳои содиротии Ҷумҳурии  Исломии Эрон  (IRAN EXPO 2024)،  бо ҳузӯри " Сайид Иброҳими Раисӣ" раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба унвони бузургтарин рӯйдоди содиротии кишвар бо пешбинии боздиди пеш аз ду ҳазор тоҷир  ва бозаргони хориҷӣ аз 119 кишвари ҷаҳон, аз  дирӯз (шанбе) 27-уми апрел то аввали моҳи май чаҳор рӯзи дигар дар Маркази Намоишгоҳҳои байналмиллалии Теҳрон баргузор мешавад.

Эҷоди бастари муносиб барои сармоягузори воҳидҳои санъатии Эрон дар кишварҳои мақсад ва ҷазбӣ сармоягузориҳои хориҷӣ, аз аҳдофи баргузории Шашумин намоишгоҳи тавонмандиҳои содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон  (IRAN EXPO 2024)،  буда, ки руи он тамаркузи вижае шудааст. Намошгоҳи Эрон Экспо 2024 Намоишгоҳи миллие аст,к и дар он тавонмандиҳои воқеъии кишвар дар арсаи содирот ба намоиш дар меояд.

Ду вижагии муҳими Намоишгоҳи Эрон Экспо 2024, ширкати густардаи туҷор ва бозаргонон аз кишвраҳои мухталиф аст то  тавонмандиҳои иқтисодии Эрон тавоноии ширкатҳои тиҷории кишвар ошно шаванд. Вижагиҳои муҳимми дигари ин намоишгоҳ, омодагии ширкатҳои эронӣ барои сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ақсо ва нуқоти ҷаҳон аст то воҳидҳои санъатӣ битавонанд маҳсӯлот ва тавоноиҳои фаннии худро ба кишварҳои дигаре муррифӣ кунанд.

Шашумин Намошгоҳи Эрон Экспо 2024.,дар шароите баргузор мешавад, ки ширкатҳо эронӣ бо вуҷҷӯди таҳримҳои Амрико ва муттаҳидони арабии Кохи Сафед тавонистаанд қобилиятҳои фаннии худро барои тавлиди маҳсӯлоти мухталиф  ба шакли  чашмгире афзоиш диҳанд ва бо вуҷҷӯди ҳамаи маҳдудиятҳо нақши муассирӣ дар пешрафти иқтисодӣ ва қобиятҳои илмии кишвар ифо кунанад.

Мутахасисон ва донишмандони ҷавони эронӣ, дар солҳои ахир дар тавлиди маҳсӯлоти бокайфият муваффақ амал карданд ва тоҳудуди зиёде ниёзҳои кишвар дар арсаҳои мухталифро таъмин карданд. Намоишгоҳи Эрон Экспо, ҳамчунин муаррифии маҳсӯлоти эронӣ ҷойгоҳи вижае дорад.

"Аббоси Алиободӣ" вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон, дар мавриди ҳузӯри бозаргононӣ хориҷӣ дар Экспои имсол гуфт:  Ин ду ҳазор бозаргон метавонанд таҳаввули бузурге дар иқтисодӣ Эрон эҷод бикунанд ва агар тиҷорат шакл бигирад ва қарордодҳои тиҷорӣ баста шавад ҳатман равнақи кор , иштиғол ва рифоҳро ба дунбол хоҳад дошт. «Фаршод Муқимӣ » муъовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати низ гуфт: Намоишгоҳи Эрон Экспо 2024 як намоишгоҳи миллие, аст, ки дар он тавонмандиҳои воқеъии кишвар дар арсаи содирот ба намоиш дармеояд.

Баргузории ин намоишгоҳ, ба навъе муаррифи қудрати иқтисодии Эрон ва ҷойгоҳи он дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Эрон , бо  доробудани манобеъи ғаннӣ ва зерсохтҳои иқтисодии густарда дар канори нерӯи мутахасиси ҷавон саҳми қобили таваҷҷӯҳи дар бозори иқтисодии ҷаҳон дорад ва Экспо 2024 фурсати муносибе барои муаррифии маҳсӯлоти ширкатҳои эронӣ аст.

Баргузории Экспо,  фурсати муносибе барои ширкатҳои эронии донишбунён аст, ки бо афзоиши қобилиятҳои илмӣ дар тавлиди фанновариҳои пешрафта қобилиятҳои худро барои ҷаҳониён ба намоиш бигузоранд ва барои маҳсӯлотҳои "так" низ бозорёбӣ кунанд.