Июн 11, 2024 10:16 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон баёнияи зиддиэронии раисони ҷумҳури Амрико ва Фаронсаро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, баёнияи зиддиэронии раисони ҷумҳури Амрико ва Фаронсаро бепояву асос ва дорои аҳдоф ва ангезаҳои сиёсӣ ва дар идомаи сиёсатҳои шикастхӯрдаи пешин донист.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носир Канъонии Чофӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон баёния (нақша роҳ)и муштараки раисони ҷумҳури Амрико ва Фаронсаро, ки дар бахше аз он иттиҳомоти беасос ва ғайри қобили қабул алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон матраҳ шуда, маҳкум кард ва онро нораво донист.

 Канъонии Чофӣ афзуд, Эрон ба ҳамкории фаннӣ бо Ожонси байналмилалии энергии атомӣ дар чорчуби ҳуқуқ ва масъулиятҳои байналмилалӣ ва бар асоси муоҳидаи густариш надодани силоҳҳо ва мувофиқатномаи подмон пойбанд аст.

 Вай бо баёни инки нақши шинохташудаи Теҳрон дар эҷод ва таҳкими субот ва амният дар минтақа ва ҷаҳон ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар ростои тақвияти амнияти байналмилалӣ ғайри қобили инкор аст, тасреҳ кард, аз ибтидои мунозиъаи Украина то кунун, ҳамвора сиёсати усулӣ ва равшани Эрон устувор бар ҳимоят аз ҳаллу фасли сиёсии ихтилофоти ду тараф будааст.

 Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон афзуд, бисёр хандаовар аст, ки ҳомиёни режими кӯдаккуши Исроил, ки ҳудуди 15 ҳазор кӯдак ва ҳазорон зани фаластиниро тайи ҳашт моҳ қатли ом ва саллохӣ карда ва низ саркӯбкунандагони донишҷуён ва шаҳрвандони мӯътариз ба ҷиноёти ҷангии режим Исроил, ба худ иҷоза медиҳанд, ки ба дигарон дарси ахлоқ ва ҳуқуқи башар диҳанд.

 Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба раисҷумҳури Фаронса тавсия кард дар чорчуби изҳороти ахираш дар бораи зарурати талоши Аврупо барои думболаравӣ накардан аз Амрико ба вежа дар ҳавзаи дифоъӣ ва амниятӣ, думболаравии Фаронса аз сиёсатҳои хасмона ва зиддиэронии давлати Амрико дар қиболи Эронро низ ислоҳ кунад.

 

Барчасп