Ҷумлаҳои калидии номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар мунозира иқтисодӣ чӣ буд?
Нахустин мунозираи интихоботии телевизионии номзадҳои чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо меҳварияти мавзӯъоти иқтисодӣ, шомгоҳи душанбе(17 июн) баргузор шуд.
Дар ин мунозира Масъуди Пизишкиён, Мустафо Пурмуҳаммадӣ,Саиди Ҷалилӣ, Алиризо Зокони, Сайид Амирҳусайн Қозизодаи Ҳошимӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф тибқи қуръакашӣ, дидгоҳҳо ва барномҳҳояшонро дар бораи мавзӯъоти иқтисодӣ ташреҳ карданд ва ба саволоти баранда ва матолиби матраҳшуда тавассути номзадҳои дигар посух доданд. Дар ин матлаб аз Порстудей, бурише аз дидгоҳҳо ва гузораҳои калидии номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар ин мунозираро мурур мекунем.
Қозизодаи Ҳошимӣ: Бояд мувозиби дастуруламалҳои ғалати Бонки ҷаҳонӣ буд
Амирҳусайн Қозизодаи Ҳошимӣ аввалин фарде буд, ки бо қуръакашии анҷомшуда ба саволи коршиносон посух дод. Номзади чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон гуфт: Мо ба касб ва истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ қоил ҳастем; Вале таҷрибаи дуруст ва шикастхӯрдаро бо ҳам дар назар мегирем.
Ба эътиқоди Қозизода, бисёре кишварҳо ба далели пайравӣ аз сиёсатҳои Бонки ҷаҳонӣ дар ҳавзаи иқтисоди бо буҳронҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шудаанд.
Қолибоф: Бояд ба Созмони ҳамкории Шанхай, БРИКС ва назири онҳо таваҷҷуҳи вежа шавад
Муҳаммадбоқир Қолибоф дувумин номзаде буд, ки бар асоси вақти таъйиншуда ба баёни дидгоҳҳои худ дар мавриди саволи матраҳшуда пардохт. Номзади чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо баёни инки раисҷумҳур бояд ба гунае интихоб шавад, ки зомини ҳалли мушкилот шавад, тасреҳ кард: Бояд рафъи таҳримҳо, иқдом дар баробари иқдом дар ҳавзаи таҳрим ва таваҷҷуҳ ба ҳавзаҳое монанди Созмони ҳамкории Шанхай, БРИКС ва назири онҳо дар дастури кор қарор гирад.
Пизишкиён: Ниёз аст тавлидкунандагон ва утоқҳои бозаргонӣ дар тасмимсозии майдонӣ фаъол шаванд
Масъуди Пизишкиён севумин номзаде буд, ки дар нахустин мунозираи интихоботӣ ба саволоти коршиносон посух дод. Ин номзад гуфт: Лозимаи иҷрои барнома аввал ҳузур ва мушорикати ҳама ба дур аз ихтилоф ва истифода аз коршиносони барҷаста на ҷиноҳӣ ва дастаӣ, онҳое, ки нухба ва донишгоҳӣ ҳастанд.
Пизишкиён бо баёни инки ҳар рӯйкарде дар арсаи иқтисод бояд ба коҳиши таваррум бианҷомад афзуд:
Ба тавлидкунандагон, утоқи бозаргонӣ ва ҳама касоне, ки дар тавлид мушорикат мекунанд, бояд майдон диҳем, то дар тасмимсозӣ ва фаъолиятҳо боз бошанд.
Ҷалилӣ: Лозимаи таҳаққуқи рушди иқтисодӣ фақат ҷазби сармоя нест
Саиди Ҷалилӣ чаҳорумин номзаде буд, ки ба саволоти коршиносон посух дод. Номзади чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон гуфт: Лозимаи таҳаққуқи рушди иқтисодӣ фақат ҷазби сармоя нест, балки муҳимтар аз он мушорикат додани ҷомеа аст ва давлат бояд нақшофарин бошад.
Ҷалилӣ афзуд: Давлат бояд барои ҳар як аз аъзои миллат, ки барои нақшофаринӣ истеъдод ва иродае дорад, заминаҳои лозимро фароҳам кунад.
Зоконӣ: Бояд тавзеъи одилонаи сарват сурат бигирад
Алиризо Зоконӣ панҷумин номзаде буд, ки бар асоси вақти таъйиншуда ба саволоти коршиносон посух дод. Номзади чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон гуфт: Дар ҳавзаи тавлид таваҷҷуҳ ба адами хомфурӯшӣ ва эҷоди заминаи ироаи маҳсули ниҳоӣ бо арзиши афзудаи боло мадди назар аст.
Зоконӣ тасреҳ кард: Дар хусуси мушорикати мардум мубтанӣ бар қонун, бояд имкон ироа шавад. Бо такя бар фановарӣ метавон равандҳоро кӯтоҳ ва абзоролотро кӯчак кард ва мардумро дар иқтисод ворид кард ва ниҳоятан барои сарвате, ки анҷом мешавад, тавзеъи одилона сурат бигирад.
Пурмуҳаммадӣ: Мушкилоти иқтисодӣ лузуман роҳи ҳалли иқтисодӣ надорад
Ҳуҷҷатилислом валмуслимин Мустафо Пурмуҳаммадӣ охирин номзаде буд, ки ба саволоти коршиносон посух дод. Номзади чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо баёни инки мушкилоти иқтисодӣ лузуман роҳи ҳалли иқтисодӣ надорад ,гуфт: Бо тавони миллӣ ва мудириятӣ метавон мушкилотро ҳал кард; Аммо бояд ба назароти коршинос баҳо бидиҳем; мо сиёсатгузор ҳастем бояд бо пуштвонаи коршинос авлавиятҳоро бо назароти мардум ва коршиносон таъйин кунем.
Ҳуҷҷатилислом валмуслимин Мустафо Пурмуҳаммадӣ бо баён инки дунёи имрӯз дунёи дониш, фановарӣ, тахассус ва таҷриба аст таъкид кард: Суботи молӣ рамзи муваффақияти иқтисодӣ дар ҳар ҷомеае аст.
Гуфтанӣ аст, интихоботи зудҳангоми чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон дар пайи шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон бар асари сониҳаи суқути чархбол, 28 июн баргузор мешавад.