Тафсир: Аҳамияти сафарҳои интихоботии номзадҳои интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон
(last modified Sun, 23 Jun 2024 14:05:54 GMT )
Июн 23, 2024 19:05 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Аҳамияти сафарҳои интихоботии номзадҳои интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон
    Тафсир: Аҳамияти сафарҳои интихоботии номзадҳои интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон

Иҷтимоъоти интихоботии рузи шанбеи номзадҳои чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон, бо истиқболи густардаи мардуми дар шаҳрҳои мухталиф баргузор шуд.

Аз шаш номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, се номзад Муҳамадбоқири Қолибоф, Саиди Ҷалилӣ, ва Масъуди Пизишкён рӯзи шанбе дар чанд шаҳри мухталиф ба иҷтимои ҳаводорони худ рафтанд ва ба тарҳи дидгоҳҳо, барномаҳо ва назароти худ пардохтанд ва аҳдофи худ дар суратии пирузи дар интихоботро барои мардум ташреҳ карданд. Алиризо Зоконӣ, Сайид Муҳсини Қозизодаи Ҳошимӣ ва Мустафои Пурмуҳаммадӣ низ ба тарҳи дидгоҳҳои худ пардохтанд .

Иҷтимоъоти интихоботӣ дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Санандаҷ, Исфаҳон, Широз, Қазвин, Аҳвоз ва Исфаҳони ҳоки аз ин воқеият буд ки мунозираҳои номзадҳо дар Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон муҷиби ҷалби назари мардум шудааст ва митингҳои интихоботӣ бо шуру ҳаяҷони бештарӣ баргузор мешавад. Натоиҷи назарсанҷиҳо, низ нишон медиҳад ки таблиғоти интихоботӣ, баргузарии мунозираҳо дар Садо ва Симо ва митингҳои интихоботии таъси мустақими бар афзоиши мушорикат ва ҳузури густарда мардум хоҳад дошт .

Ҳузури номзадҳои чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои мухталиф  ва дидор бо ҳаводорон нақши зиёдӣ дар афзоиши мушорикат ва ҳузури мардум дар интихоботи рузи ҷумъаи 8 тирмоҳ хоҳад гузошт.

Номзадҳои интихоботи метавонанд бо истифода аз фурсати боқимонда ба тарҳи дидгоҳҳо ва барномаҳои худ бипардозанду сабади орои худро афзоиш диҳанд. Ҷараёноти сиёсии мухталифи кишвар дар интихоботи чаҳордмин давраи раёсати ҷумҳурӣ, азҷумла ислоҳталаб, усулгаро ва миёнарав монанди давраҳои қабл низ ҳузур доранд ва ин танаввуъи номзадҳо заминасози ҳузури густардаи мардум дар пои сандуқҳо рой хоҳад шуд .

Нуктаи аслӣ ва муҳими дигари тавваҷуҳи номзадҳо, ба риояту анҷоми усули ахлоқӣ дар мунозираҳо ва иҷтимоъот интихоботӣ аст ки метавонад сабаби ваҳдату инсиҷоми дохилӣ ва муқобила бо тавтеъаҳои хориҷӣ бошад ки ҳадафи аслии онҳо дилсардкардан мардум хоҳад буд. Албата ин аҳдоф бади душманон бо ҳушёрии мардум ва рафтори ахлоқии номзадҳо монанди ҳамеша ба натиҷа нахоҳад расид .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоминаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, низ рузи шанбе дар дидори масъулони қувваи қазоия, барномаҳои интихоботии телевизионро хуб ва боиси ошнои мардум бо дидгоҳҳои гуногун хонданд ва хитоб ба номзадҳои интихобот гуфтанд: Мабоҳиси номзадҳо дар телевизизон ё изҳороти дигари онҳо сабаб нашавад ки як номзад барои ғалаба бар рақиб, ҳарфи душманписанд ва душманшодкн бузанд .

Ишон афзуданд: Фарз бар ин аст ки ҳамаи номзадҳо, Эрон ва Ҷумҳурии Исломиро дуст доранд; чун мехоҳанд дар ин низом ва барои хизмат ба мардум, раис ҷумҳур шаванд. Бинобарин набояд багунае суҳбат кунанд ки душман хушҳол шавад .

Ҳузури номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, байни мардум ба навъе аҳамият ва тавваҷуҳ ба хосту назароти ҷомеъа ва дарназар гирифтани хостаҳои онҳо аст. Аз суи дигари истиқболи мардум аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ ншондҳндаҳи афзоиши шури интихоботӣ ва хунсокунандаи таблиғоти дуруғи расонаҳои муонид дар мавриди бетафовутии мардум ба интихоботи пеш ру аст .

Фазои интихоботӣ, пас аз се даври мунозира ва пеш аз баргузарии ду мунозираи дигари ҳоки аз шуру иштиёқи густардаи мардум барои ширкат дар интихоботи раёсат ҷумҳурӣ аст. Интихобот бо нақшофаринии ду бозигари аслии он мардум ва номзадҳо пуршуртар аз қабл хоҳад буд ва пайванди ҳамешагии ақшори мухталифи мардум ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро мустаҳкам тар хоҳад кард.