Муқовимати Фаластин: Сарнавишти Ёсир Абушубоб ҳушдоре ба муздурон Исроил аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123260-Муқовимати_Фаластин_Сарнавишти_Ёсир_Абушубоб_ҳушдоре_ба_муздурон_Исроил_аст
Порс-Тудей. Муқовимати Фаластин бо судури баёнияе эълом кард, ки кушта шудани Ёсир Абушубоб, саркардаи муздурони таҳти амри режими саҳюнистӣ паёме равшан барои ҳар фарде аст, ки ба ҳамкорӣ бо дастгоҳи амниятии ин режим рӯй меоварад.
(last modified 2025-12-05T11:46:02+00:00 )
Декабр 05, 2025 16:44 Asia/Dushanbe
  • Муқовимати Фаластин: Сарнавишти Ёсир Абушубоб ҳушдоре ба муздурон Исроил аст
    Муқовимати Фаластин: Сарнавишти Ёсир Абушубоб ҳушдоре ба муздурон Исроил аст

Порс-Тудей. Муқовимати Фаластин бо судури баёнияе эълом кард, ки кушта шудани Ёсир Абушубоб, саркардаи муздурони таҳти амри режими саҳюнистӣ паёме равшан барои ҳар фарде аст, ки ба ҳамкорӣ бо дастгоҳи амниятии ин режим рӯй меоварад.

Кумитаҳои муқовимати Фаластин бо судури баёнияе эълом кард, ки кушта шудани Ёсир Абушубоб, саркардаи муздурони таҳти амри режими саҳюнистӣ паёме равшан барои ҳар фарде аст, ки ба ҳамкорӣ бо дастгоҳи амниятии ин режим рӯй меоварад.

Дар ин баёния омадааст, ки кушта шудани Абушубоб дар минтақае таҳти контроли артиши режими ишғолгар, нишондиҳандаи нотавонӣ ва шикасти комили ин режим дар ҳифзи ҷони муздурони худ аст.

Кумитаҳои муқовимат баён кард, муқовимат ҳамчунон сипари муҳофизи миллату сохтори иҷтимоии Фаластин боқӣ хоҳад монд ва иҷоза нахоҳад дод, ҳеҷ тарафе дар ҳамбастагии миллӣ халал эҷод кунад. /ИРНА