Сафҳои тӯлонии шаҳракнишинон барои дарёфти шаҳрвандии португалияӣ
-
Сафҳои тӯлонии шаҳракнишинон барои дарёфти шаҳрвандии португалияӣ
Порс-Тудей. Ҳазорон саҳюнист барои дарёфти тобеияти португалияӣ рӯзи ҷумъа дар баробари сафорати ин кишвар сафҳои тӯлонӣ ташкил доданд.
Вебгоҳи “Таймс оф Исроил” дар гузорише навишт: Ҳазорон шаҳракнишини саҳюнист рӯзи ҷумъа дар муқобили сафорати Португалия дар Тел-Авив, дар сафҳои тӯлонӣ истоданд то барои дарёфти тобеият ё шаҳрвандии ин кишвар ё тамдиди гузарномаҳои португалияии худ сабти ном кунанд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ин расонаи саҳюнистӣ, ин рӯйдод ба вижа пас аз эъломи баргузории як рӯзи хос барои таъйини вақт ба сурати ҳузурӣ, ҷойгузини системаи онлайни шулуғи сафорат, бо истиқболи густардае мувоҷеҳ шуд.
Бисёре аз мутақозиён қабл аз тулӯи офтоб дар маҳал ҳозир шуданд. Бархе низ ба далели издиҳоми ҷамъият, аз идомаи саф кашидан мунсариф шуданд.
Бар асоси гузориши ин расона, ин иқдоми Сафорати Португалия дар пайи дархостҳои зиёди саҳюнистҳо барои дарёфти тобеияту тамдиди гузарномаҳои португалияӣ баргузор шуд. Пеш аз ин, системаи онлайни сафорат бо ҳаҷми болои дархостҳо мувоҷеҳ буд ва бисёре аз мутақозиён натавониста буданд вақти таъйиншуда барои муроҷиа дарёфт кунанд.
Тақозои зиёди шаҳракнишинон барои дарёфти тобеияти португалияӣ, ба вижаи пас аз тасвиби қонуни бозгашт дар Португалия дар соли 2015 шиддат гирифт. Ин қонун ба наслҳои бозмондаи яҳудиёни сифорадӣ иҷоза дод, ки тобеияти Португалияро дарёфт кунанд.
Пас аз амалиёти 7 октябри 2023, ки вазъияти амниятӣ дар Исроилро ба шиддат муташанниҷ кард, ин дархостҳо бештар шуд ва бисёре аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ ба дунболи паспорти Иттиҳоди Аврупо барои амнияту озодии ҳаракати бештар дар кишварҳои аврупоӣ ҳастанд.
“Таймс оф Исроил” афзуд: Дарёфти тобеияти португалӣ барои исроилиҳо на танҳо имкони сафари осон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро фароҳам мекунад, балки барои касоне ки ба дунболи шароити иқтисодиву таҳсилии беҳтар ҳастанд, ҷаззобият дорад. Зеро дар муқоиса бо сарзаминҳои ишғолӣ, молиётҳову ҳазинаҳои зиндагӣ дар Португалия камтар аст.