Масъуди Пизишкиён-раисҷумҳури Эрон шуд
(last modified Sat, 06 Jul 2024 05:05:03 GMT )
Июл 06, 2024 10:05 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён-раисҷумҳури Эрон шуд

Масъуди Пизишкиён бо касби аксарияти оро дар даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон шуд.

 Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30 миллиону 530 ҳазору 157 раъй, тавонист бо касби 16 миллиону 384 ҳазору 403 раъй, нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.

 Нӯҳумин раисҷумҳури Эрон, мутаваллиди 1333 шамсӣ ва дорои мадраки фавқитахассуси ҷарроҳии қалб аст.

 Пизишкиён пеш аз ин илова бар 5 давра намояндагии мардуми Табриз, Озаршаҳр ва Аску (устони Озарбойҷони шарқӣ) дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва сарпарастии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эронро низ дар корномаи худ дорад.

Даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дирӯз (ҷумъа) бо ҳузури пуршӯри мардум дар саросари ин кишвар ва ҳамчунин эрониёни сокин дар бархе аз кишварҳои дунё баргузор шуд.