Январ 12, 2017 13:06 Asia/Dushanbe
  • Беҳудагӯиҳои  вазири умури хориҷаи Трамп дар бораи Эрон ва БАРҶОМ

Рекс Тиллерсон-интихоби Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико ба мақоми вазорати умури хориҷаи ин кишвар, гуфт, бознигарии комил дар тавофуқномаи ҳастаӣ бо Эронро тавсия хоҳад кард.

Ба гузориши ал-Олам, Рекс Тиллерсон рӯзи чаҳоршанбе дар муқобили Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико қарор гирифт ва аз барномаҳои худ дифоъ кард.

Рекс Тиллерсон дар изҳороти хилофи тавофуқи байналмилалии БАРҶОМ бо таъкид бар ин, ки Эрон набояд ғанисозӣ дошта бошад, муддаӣ шуд, БАРҶОМ- Эронро аз хариди бомби атомӣ манъ намекунад.

Интихоби  пешниҳодии Трамп барои вазорати хориҷаи Амрико дар идомаи фарофакании худ дар қиболии барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон афзуд, БАРҶОМ , тавони Эрон барои дастрасӣ ба силоҳи ҳастаиро мутаваққиф мекунад, аммо барои ҳамеша монеъи он намешавад.

Вай гуфт,  ба мӯҷиби БАРҶОМ-е, ки хости давлати ҷадиди Амрико аст, набояд мавод ғанӣ шудае дар Эрон вуҷуд дошта бошад.

Изҳороти Tillerson дар ҳоле аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз қурбониёни силоҳҳои куштори ҷамъӣ, ҳамвора хоҳони минтақае орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ буда, ки дар он режими саҳюнистӣ дорои садҳо кулоҳакм ҳастаӣ аст.

Ҳамчунин бинобар гузоришҳои Оҷонс байналмилалии энержии атомӣ ва Комиссияи муштараки БАРҶОМ, Ҷумҳурии Исломии Эрон бар хилофи Амрико, то кунун ба тамоми тааҳҳудоти БАРҶОМ-ии худ амал кардааст.

 Рӯзи сешанбе низ нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ бино ба дархости Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон ва барои баррасии нақзи БАРҶОМ тавассути Амрико бо тамдиди қонуни ISA, бо ҳузури муовинини вазирони умури хориҷаи Эрон ва 5+1, дар ин баргузор шуд.  

Дар ин нишаст намояндагони Эрон зимн ироаи шарҳе аз бад аҳдиҳои Амрико дар як соли ахир, бо ироаи мустанадоти ҳуқуқӣ тамдиди қонуни ISA-ро муғойр бо тааҳҳудоти Амрико дар қолаби БАРҶОМ донистанд.

Намояндагони давлатҳои узви Комиссияи муштараки БАРҶОМ низ дар ин нишаст бо ҷиддӣ қаламдод кардани нигаронии Эрон, хостори иқдомоти Амрико дар ҷиҳати било асар мондани қонуни ISA ва шаффофсозии комил дар ин замина шуданд ба гунае, ки ҳеҷ ибҳоме нисбат ба ин ки “ISA” асаре бар тиҷорат ва ҳамкорӣ бо Эрон надорад боқи намонад.

Доналд Трамп дар ҷараёни корзори интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, БАРҶОМ-ро «фоҷиа» ва «бадтарин тавофуқномаи дунё» хонда ва ваъда дода буд, ки дар сурати роҳёбӣ ба Кохи Сафед дар ҳамон рӯзи аввал БАРҶОМ-ро пора хоҳад кард.

 

Барчасп