Сентябр 11, 2024 21:08 Asia/Dushanbe
  • Паёми ташаккури раҳбари инқилоб аз меҳмонавозии миллат ва давлати Ироқ
    Паёми ташаккури раҳбари инқилоб аз меҳмонавозии миллат ва давлати Ироқ

Ҳазрати оятeллоҳ Хоманаӣ Раҳбари инқилоби исломӣ, дар паёмӣ аз мизбонии мувкебдорон ва миллати бузурги Ироқ дар айёми арбаъини ҳусайнӣ ташаккур карданд.

Оқои масъуди Пизишкён раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони субҳи имруз 21 шаҳривари моҳи 1403 лавҳ ва матни арабии ин паёмро дар ҷараёни сафар ба кишвари Ироқ ба нахуствазири ин кишвар эҳдоъ кард .

Тарҷумаи форсии паёми раҳбари инқилоб ба ин шарҳ аст :

Бисмилоҳир Раҳмонир Раҳим

Аввалин калима ташаккур аст; аз самими қалб, аз тарафи худам ва аз тарафи миллати бузурги Эрон ташаккур мекунам: ҳам аз шумо мувкибдорон ки дар айёми арбаъин, кароматро ва раҳмат ва маваддатро ба мунтҳиٰи дараҷа рисондаед; ҳам аз ҳамаи миллати бузурги Ироқ ва ҳам аз масъулин дар давлати Ироқ ки амниятро ва фазоро ва заминаро фароҳам кардаанд; ҳам ба хусус аз уламои бузургвор ва мароҷеъи изоми Ироқ ки фазои зиёратро, фазои бародарии байни оҳоди мардум ва байни ду миллатро фароҳам кардаанд; ҳақиқатани ҷой ташаккур дорад .

Рафтори шумо бародарони азизи ироқӣ дар мавокиби миёни роҳ ва рафтори каримонаи шумо бо зоирони ҳусайнӣ, дар дунёии имруз назир надорад, ҳамчунон ки худи роҳпаймои арбаъин дар таърих назир надорад ва ҳамчунон ки ҳаросат аз амният ва саломати даҳҳо миллион нафар, дар дунёи ноамни кунуни кори бузург ва беназир аст .

Шумо каромати исломӣ ва каромати арабиро дар рафтори худатон ва аъмоли худатон нишон додаед у ҳам ба ишқи сайидушҳдо (саломуллоҳ алайҳ) аст. Ин ишқ ба Ҳусайн ибни Алӣ як амр истисноӣ аст ; шабиҳи инро дар ҳеҷ ҷо, дар ҳеҷ замон, суроғ надоштем ва надорем. Умедворем худованди мутаъоли ин ишқро дар дилҳои шумо, дар дилҳои мо , руз ба руз афзоиш бидиҳад .

Имруз домана ин ҷозибаи муҳаббат ба густарае табдил шуда аст ки аз арсаи пуршури Ғазза то бисёре аз ҷавомеъи ғайри мусулмонро шомил мешавад; валҳамдулилоҳ.