Муовини раисиҷумҳури Эрон: Иртиботи Эрон бо Ожонси энержии атомӣ идома дорад
(last modified Tue, 17 Sep 2024 10:05:45 GMT )
Сентябр 17, 2024 15:05 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммади Исломӣ, муовини раисиҷумҳури Эрон
    Муҳаммади Исломӣ, муовини раисиҷумҳури Эрон

Муовини раисиҷумҳурӣ ва раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, иртиботи Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба шакли пойдор идома дорад ва ин раванд ба гунае, ки таъминкунандаи манофеи Эрон бошад, дунбол мешавад.

Муҳаммади Исломӣ, муовини раисиҷумҳурӣ ва раиси Созмони энержии атомии Эрон дар дидор бо Рофаэл Груси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар ҳошияи шастуҳаштумин конфронси умумии ожонси атомӣ дар Вена афзуд: Эрон бо ҷиддият тавсеаи санъати ҳастаиро, ки дар чорчӯби завобити Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва албатта мавриди ҳимояти ожонс аст, дунбол мекунад.

Исломӣ ҳамчунин пас аз дидор бо Грусӣ гуфт, дар дидор бо мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ пешниҳод шуд, ки ожонс аз фурсатҳову зарфиятҳое, ки Эрон эҷод кардааст, ба унвони як қутби минтақаӣ истифода кунад, ки мавриди истиқболу ташвиқи мудири кулли ожонс қарор гирифт.

Исломӣ дидор бо Грусиро як гоми рӯ ба пеш дар равобити Эрон бо Ожонси байналмилалии энержӣ арзёбӣ карду гуфт, муҳимтарин паёми ин дидор он буд, ки дунё бидонад иртиботи Эрон бо ожонс ба шакли пойдор идома дорад ва таҳти ҳеҷ шароите бо амалиёти фишори равонӣ ва сиёҳнамоӣ ин раванд дучори осеб нахоҳад шуд.

Рофаэл Груси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳам хабар дод, ки ба зудӣ ва барои дидорҳои муҳими сиёсиву фаннӣ ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Шастуҳаштумин конфронси умумии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи душанбе бо ҳузури намояндагони олирутбаи кишварҳои узв, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон дар Венаи Австрия оғоз шуд.