Чаро Эрон бар ҳаққи ғанисозии сулҳомези худ исрор дорад?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123932-Чаро_Эрон_бар_ҳаққи_ғанисозии_сулҳомези_худ_исрор_дорад
Порс Тудей – Эрон эълом кард, ки ҳаргиз аз ҳаққи ғанисозии сулҳомез сарфиназар нахоҳад кард.
(last modified 2026-01-21T08:28:47+00:00 )
Январ 21, 2026 11:34 Asia/Dushanbe
  • Алии Баҳрайнӣ, сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева
    Алии Баҳрайнӣ, сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева

Порс Тудей – Эрон эълом кард, ки ҳаргиз аз ҳаққи ғанисозии сулҳомез сарфиназар нахоҳад кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Алии Баҳрайнӣ, сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева рӯзи сешанбе(20 январ) дар нишасти Конфронси халъи силоҳ тасреҳ кард, ки Теҳрон ҳаргиз аз ҳаққи ғанисозии сулҳомези худ сарфиназар нахоҳад кард.

Ӯ бо маҳкӯм кардани ҳамалоти ахири Амрико ва режими Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон, ин иқдомотро нақзи ошкори Маншури милали муттаҳид, ҳуқуқи байналмилалу зарбае ҷиддӣ ба режими адами ишоъаи ҳастаӣ (НПТ) баршумурд.

Баҳрайнӣ бо ишора ба таҳаввулоти соли 2025, ҳамлаи 13 июни режими Исроил ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эронро «ғайриқонӯнӣ, аз пеш тарроҳӣ шуда ва ноқизи қавоиди омираи ҳуқуқи байналмилал» тавсиф карду афзуд: «Дар идомаи ин таҷовуз, Иёлоти муттаҳида дар 22 июн ва дар ҳамоҳангӣ бо режиме ғайри узви Муоҳидаи НПТ, таъсисоти ҳастаии таҳти падмани Эрон дар Фурду, Натанзу Исфаҳонро ҳадаф қарор дод, ки ин иқдом, таҳдиде ҷиддӣ алайҳи сулҳу амнияти байналмилалӣ ва режими адами ишоъа (НПТ) башумор меравад.»

Намояндаи Эрон таъкид кард: «Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби Маншури милали муттаҳид ба ҳаргуна иқдоми таҷовузкорона посух хоҳад доду ғанисозии уран барои мақосиди сулҳомез, ҳаққи мусалламу ғайриқобилии инкор барои Эрон ба унвони узви муоҳида NPT аст, ки ҳаргиз аз он удӯл нахоҳад кард.» Вай дар айни ҳол тасреҳ кард, ки Эрон ҳамвора омодаи музокироти воқеӣ, бидуни пешшарт ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил будааст.

Исрори Эрон бар ҳаққи ғанисозии сулҳомез реша дар маҷмӯъае аз усӯли ҳуқуқӣ, ниёзҳои роҳбурдӣ, таҷрибаҳои торихӣ ва мулоҳизоти амниятӣ дорад. Ин мавзӯ на як мутолибаи мақтаъӣ, балки бахше аз ҳувияти ҳуқуқӣ ва сиёсии Эрон дар арсаи байналмилалӣ аст. Дар муқобил, кишварҳои ғарбӣ бо тарҳи иддаоҳое дар бораи эҳтимоли инҳирофи барномаи ҳастаии Эрон ба самти аҳдофи низомӣ, талош кардаанд, ин ҳақро маҳдӯд кунанд; иддаоҳое, ки аз манзари ҳуқуқи байналмилалу воқеъиёти фаннӣ қобили дифо нест.

Яке аз далоили исрори Эрон, ҳаққи қонӯнӣ ва мусаллами кишварҳо тибқи Муоҳидаи манъи густариши таслеҳоти ҳастае ( NPT) аст. Ин муоҳида ба сароҳат эълом мекунад, ки ҳамаи аъзо ҳақ доранд чархаи комили сӯхти ҳастаӣ, аз ҷумла ғанисозии уранро барои аҳдофи сулҳомез дар ихтиёр дошта бошанд. Эрон ба унвони узви NPT на танҳо аз ин ҳақ бархӯрдор аст, балки солҳо таҳти назорати шадиди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ фаъолият карда ва борҳои эълом шуда, ки ҳеҷ инҳирофе дар барномаи ҳастаии Эрон мушоҳида нашудааст. Бинобар ин, мухолифат бо ғанисозии Эрон дар воқеъи нақзи сариҳи ҳуқуқи як узви муоҳида аст.

Далели дигар ниёзи воқеии Эрон ба энержӣ ва танаввуъбахшӣ ба манобеи энержӣ аст. Эрон бо ҷамъияти боло ва масрафи рӯ ба рушди энержӣ, наметавонад сирфан бар манобеи фусилӣ такя кунад. Энержии ҳастаӣ яке аз пойдортарину иқтисодитарин гузинаҳо барои ояндааст. Илова бар ин, Эрон бо таҳримҳои густарда мувоҷеҳ буда ва наметавонад барои таъмини сӯхти нерӯгоҳҳои худ ба кишварҳои хориҷӣ эътимод кунад. Таҷрибаи қатъи ҳамкории ҳастаии кишварҳои соҳиби фанноварӣ ҳастаӣ бо бархе кишварҳо ё фишорҳои сиёсии Ғарб нишон дода, ки вобастагӣ дар ҳавзаи энержӣ метавонад ба абзори фишор табдил шавад. Бинобарин, тавлиди сӯхт дар дохили як зарурати роҳбурдӣ аст.

Далели дигар, масаълаи истиқлоли илмӣ ва фанноварӣ аст. Эрон тайи даҳаҳо талош, ҳазина ва фишор, тавониста ба фанноварии бумии ғанисозӣ даст ёбад. Ақибнишинӣ аз ин дастовард ба маънои пазириши вобастагии доимӣ ва ақибмондагии илмӣ аст. Кишварҳои ғарбӣ низ ба хубӣ медонанд, ки ғанисозӣ намоди истиқлоли фановаронаи Эрон аст ва ба ҳамин далел талош мекунанд онро маҳдӯд кунанд.

Дар муқобил, Ғарб баҳонаҳоеро барои мухолифат бо ғанисозӣ матраҳ мекунад. Муҳимтарин иддао, эҳтимоли инҳирофи барномаи ҳастаии Эрон ба самти тавлиди силоҳ атомӣ аст. Ин иддао дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар даҳҳо гузориши расмӣ таъкид карда, ки ҳеҷ нишонае аз инҳироф вуҷӯд надорад. Эрон ҳамчунин густардатарин сатҳи бозрасиҳоро пазируфта буд, бозрасиҳое, ки ҳатто фаротар аз тааҳҳудот дар чорчӯби Муоҳидаи манъи густариши таслеҳоти ҳастаӣ (NPT) будааст. Бинобар ин, иддаои хатари низомӣ шудани барномаи ҳастаии Эрон фоқиди пуштвонаи фаннӣ ва ҳуқуқӣ аст.

Баҳонаи дигар, беэътимодии сиёсии Ғарб ба Эрон аст. Ин беэътимодӣ бештар реша дар ихтилофоти геополитӣ то масоили фаннӣ дорад. Режими саҳюнистӣ ва бархе давлатҳои ғарбӣ аз қудратёбии илмӣ ва истиқлоли ҳамаҷонибаи Эрон нигаронанд ва талош мекунанд бо эҷоди маҳдӯдиятҳои ҳастаӣ, тавони роҳбурдии Эронро маҳор кунанд. Аммо ин рӯйкард на танҳо ғайриқонӯнӣ аст, балки бо усӯли баробарии кишварҳо дар ҳуқуқи байналмилал низ дар тазод аст.

Дар ниҳоят, исрори Эрон бар ҳаққи ғанисозӣ на як мавзеъи сиёсии муваққат, балки дифо аз ҳуқуқи қонӯнӣ, истиқлоли энержӣ, пешрафти илмӣ ва муқобила бо стандартҳои дугонаи Ғарб аст. Таҷриба нишон дода, ки ақибнишинӣ дар ин ҳавза танҳо ба афзоиши фишорҳо ва рафтори хасмонатари Ғарб ба саркардагии Амрико мунҷар мешавад, дар ҳоле, ки пофишорӣ бар ҳуқуқи машрӯъи ҳастаӣ ба хусӯси ҳаққи ғанисозӣ, Эронро дар ҷойгоҳи як бозигари мустақилу қонӯнмадор тасбит мекунад.