Январ 13, 2017 18:11 Asia/Dushanbe
  • Ҷопон бузургтарин шарики нафтии Эрон

Ҷопон бо пешӣ гирифтан аз Чину Русия, ба бузургтарин шарики нафтии Ҷумҳурии исломии Эрон табдил шудааст.

Аббоси Козимӣ, раиси ширкати миллии полоишу пахши фаровардаҳои нафтии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Меҳр”, бо ишора ба пештозии ширкатҳои ҷопонӣ дар пружаҳои ҷадиди полоишгоҳии Эрон дар пасобарҷом изҳор дошт, то кунун панҷ ширкати бузурги ҷопонӣ бо Эрон музокира ва ҳатто тафоҳумномаҳо байни ду тараф имзо шудааст.

Ғуломризо Манучеҳрӣ, муовини тавсеаву муҳандисии ширкати миллии нафти Эрон ахиран аз сабқати ширкати Инпекси Ҷопон аз сойири ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тотал барои тавсеаи майдони нафтии Озодагон ба унвони яке аз бузургтарин маёдини нафтии Эрон хабар дод.

Фаъолият ва мушорикати ширкатҳои ҷопонӣ бар хилофи ҳамаи кишварҳои алоқаманд барои сармоягузорӣ дар санъати нафти Эрон, сирфан дар як бахше маҳдуд нашудааст.

Ширкатҳои ҷопонӣ тафоҳумномаву музокироти зиёде барои имзои қарордоди сохт, тавсеаву беҳинасозии полоишгоҳҳои қадимии нафти Эрон имзо кардаанд.

 

Барчасп