Ин ҷангали азими эронӣ 40 миллион сол қидмат дорад, 4 нукта дар бораи Ҳерконӣ+ тасвир
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i119120
Порс тудей-Заминшиносон ва донишмандон бо таҳқиқ ва пажӯҳиш дар ҳавзаи хок, қидмати ҷангалҳои Ҳиркониро дар ҳудӯди давраи саввуми заминшиносон ё 40 миллион сол пеш тахмин задаанд
(last modified 2025-06-03T03:57:34+00:00 )
Март 04, 2025 14:55 Asia/Dushanbe
  • Ин ҷангали азими эронӣ 40 миллион сол қидмат дорад 4 нукта дар бораи Ҳерконӣ+ тасвир
    Ин ҷангали азими эронӣ 40 миллион сол қидмат дорад 4 нукта дар бораи Ҳерконӣ+ тасвир

Порс тудей-Заминшиносон ва донишмандон бо таҳқиқ ва пажӯҳиш дар ҳавзаи хок, қидмати ҷангалҳои Ҳиркониро дар ҳудӯди давраи саввуми заминшиносон ё 40 миллион сол пеш тахмин задаанд

Ҷангалҳои Ҳирконӣ дар густардаи васеъи дар ҷануби дарёи Хазар ва шимоли ришта кӯҳҳои Албурзи Эрон қарор доранд. Дар ин матлаб аз Порс тудей ба 4 нукта дар бораи ҷангалҳои  Ҳирконӣ, ки яке аз ҷозибаҳои гардишгарии нодири Эрон ва ҷаҳон аст, ошно мешавем.

Қидмати ҷангалҳои Ҳирконӣ 40 миллион сол тахминзада шудааст
Ҷангалҳои Ҳирконӣ дар густардаи васеъи дар ҷануби дарёи Хазар ва шимоли ришта кӯҳҳои  Албурзи Эрон қарор дорад.

1-Густариши ҷуғрофиёӣ

Ҷангалҳои Ҳирконӣ дар 6 устони шимоли Эрон пароканда ҳастанд. Ин вангалҳо пас аз гузаштан аз устонҳои Озарбойҷони шарқӣ, Ардабил, Гилон, Мозандарон, Гулистон ва Симнон то Хуросони шимолии Эрон имтидод меёбанд, ки масоҳати наздик ба масоҳати ду миллиону 125 ҳазор ҳектор дорад.

Ҷангалҳои Ҳирконӣ дар 6 устони шимолӣ Эрон пароканда ҳастанд
Ҷангалҳои Ҳирконӣ масоҳати наздик ба масоҳати ду миллиону 125 ҳазор ҳектор дорад

2-Маъруфтарин қисматҳои ҷангалҳои Ҳирконӣ дар Эрон

Ҷангалҳои Алимистон, Абри Шоҳруд, Пуло Сорӣ, Воз, Куҷури Навшаҳр, Лисор, Чаҳорбоғи Чолус ва ҷангали  Хушкедорони  Тунекобун аз маъруфтарин қисматҳои ҷангалҳои Ҳирконии Эрон ҳастанд. Қидмати болои ҷангалҳои Ҳирконӣ ва танавӯъи гиёҳони он,сабаби сабти ин ганҷинаи табиӣ дар феҳристи меъроси табиӣ Юнеско дар соли 2019 милодӣ шуд.

Сабти ҷангалҳои  Ҳирконӣ дар феҳристӣ  меъроси табиӣ Юнеско дар соли 2019 мелодӣ

 

Ҷангалҳои Алимистон, Абри Шоҳруд, Пуло Сорӣ, Воз, Куҷури Навшаҳр, Лисор, Чаҳорбоғи Чолус ва ҷангали  Хушкедорони  Тунекобун аз маъруфтарин қисматҳои ҷангалҳои Ҳирконии Эрон ҳастанд.

3- Пушиши гиёҳӣ 

Дар ҷангалҳои Ҳирконӣ беш аз 80  навъ дарахт, 50 гуна аз дарахтчаҳо ва анвоъи мухталифи аз намӯнаҳои бумӣ дида мешаванд, ки бисёри аз онҳо дар дигар нуқоти ҷаҳон рушд намекунанд. Аз муҳимтарин дарахтони  ин ҷангалҳо метавон ба дарахти Рош, Афро, Норван, Туско, Забон гунҷишк, Боронак, Сурхдор, Намдор, Инҷилӣ, Лайлаки, Анҷир Шамшодҳо ишора кард .

Теъдоди гунаҳои парандагон  дар Ҳирконӣ , наздик ба 300 гуна будааст.

 

Дар ҷангалҳои Ҳирконӣ беш аз 80  навъ дарахт, 50 гуна аз дарахтчаҳо ва анвоъи мухталифи аз намӯнаҳои бумӣ дида мешаванд.

4- Гунаҳои ҷонварӣ

Ҷангалҳои Ҳирконӣ  дар  солиёни дарози умраш, анвоъи қобили таваҷҷӯҳе аз  ҳайвонотро дар худ ҷой додааст. Теъдоди гунаҳои мухталифи парандагон низ то 100 расидааст. Хазандагон низ дигар ҳайвоноти мавчуд дар ҷангалҳои Ҳирконӣ ҳастанд.  Аз анвоъи парандагон метавон ба Уқоб, Ҷуғд, Урдаки хокистарӣ, Шоҳин, Кабк,  Доркуб,  Харгӯш, Мӯши ҷангалӣ,  Хирси қаҳваӣ , Паланг, Гург, Шағол, Хорпушт ва Гурбаи ваҳшӣ низ аз маъруфтарин ҳайвоноти ин манотиқ ҳастанд