Ироқчӣ: Иштирокоти Эрону Тоҷикистон камназир ва бародарона аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121274
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа гуфт: Иштирокоти камназири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ ва таърихӣ миёни Эрону Тоҷикистон бистари арзишманде барои тақвияти пайвандҳои бародарона ва таҳкими муносиботи ҳамаҷониба миёни ду миллат фароҳам овардааст.
(last modified 2025-08-01T13:46:41+00:00 )
Август 01, 2025 18:45 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Иштирокоти Эрону Тоҷикистон камназир ва бародарона аст

Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа гуфт: Иштирокоти камназири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ ва таърихӣ миёни Эрону Тоҷикистон бистари арзишманде барои тақвияти пайвандҳои бародарона ва таҳкими муносиботи ҳамаҷониба миёни ду миллат фароҳам овардааст.

Сайид Аббоси Ироқчӣ дар матлабе дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм бо ишора ба сафари ахири худ ба Тоҷикистон навишт: «Рӯзи чаҳоршанбе (8 мурдод/ 30 июл) дар сафаре кӯтоҳ ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ доштам».

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон афзуд: «Меҳвари ин гуфтугӯҳо тавсеаву таъмиқи равобити дуҷониба ва густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ буд».

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар поён навишт: «Иштирокоти камназири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ ва таърихӣ миёни Эрону Тоҷикистон бистари арзишманде барои тақвияти пайвандҳои бародаронаву таҳкими муносиботи ҳамаҷониба миёни ду миллат фароҳам овардааст».