Гунди-Шопури Эрон - нахустин донишгоҳи ҷаҳон дар дили Хузистон
(last modified Tue, 03 Jun 2025 10:22:37 GMT )
Июн 03, 2025 15:22 Asia/Dushanbe
  • Гунди-Шопури Эрон - нахустин донишгоҳи ҷаҳон дар дили Хузистон
    Гунди-Шопури Эрон - нахустин донишгоҳи ҷаҳон дар дили Хузистон

Порс-Тудей. Дар 17 километрии ҷануби шарқии Дизфули имрӯзӣ, миёни даштҳои шимолии Хузистон, вайронаҳои куҳани Гунди-Шопур (Ҷунди-Шопур) қарор дорад, шаҳре ки рӯзгоре маркази шукӯфоии донишу хирад буд.

Гунди-Шопур дар садаи сеюми мелодӣ ба дастури Шопури аввал, подшоҳи Сосонӣ бо номи «Виҳондив Шопур», ба маънои “беҳтар аз Антокия” бунён ниҳода шуд.

Ба гузориши Порс-Тудей, дар соли 260 мелодӣ Шопури якум дар набарде ба номи Адсо (дар ноҳияе дар ҷануби Туркияи феълӣ) муваффақ шуд бар лашкари румиён ба фармондеҳии Волериан, императори Рум пирӯз шавад. Дар ин набард ба шаҳри Антокия, яке аз шаҳрҳои муҳими императории Рум дар он замон хисороти фаровоне ворид шуду Волериан ба ҳамроҳи сарбозони бисёре ба асорати эрониён даромаданд.

Пас аз муваффақият дар ин набард, Шопури якум, ки зебоиҳои шаҳри Антокия мавриди тавваҷуҳаш қарор гирифта буд, тасмим ба сохти шаҳре ҳамонанди он дар Эрон гирифт. Вай дар ин роҳ аз усарои румӣ баҳра ҷуст, ки бар меъмории румӣ тасаллут доштанд. Барои эҳдоси шаҳр минтақаеро интихоб кард, ки маҳалли ҷамъоварии лашкариёни Шопур буд. Сипас шаҳре бар асоси сабки меъмории Ҳипудомус (донишманди юнонии қарни 5 қабл аз мелод)-ро дар он маҳал сохт.

Булворҳои паҳну мустақим, чаҳорроҳҳо, кӯчаҳои мувозӣ ва сохтмонҳое, ки маъмулан як то се табақа баландӣ доштанд.

Шаҳр монанди як сафҳаи шатранҷ густариш ёфт, мустатиле мураттаб, ки дар дашти Хузистон ҳак шуда буду хиёбонҳои буришкунандаи он як стратегияи зиндаву пӯё аз фазову ҳаракатро ташкил медоданд.

Барои қарнҳо Гунди-Шопур дар шумори ҳафт шаҳри аслии Хузистони бостон ҷой дошту эътибори он на танҳо ба хотири мавқеияти роҳбурдӣ, балки ба далели талфиқи суннатҳои дониши эронӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва румӣ буд.

Дар оғоз, ин шаҳр ба унвони Дижи низомии Шопури аввал сохта шуд ва бо заминҳои ҳосилхезу боғҳои пуршукӯҳаш, ба суръат ба марказе илмӣ - пизишкӣ табдил гардид. Шопури аввал дастури тарҷумаи анбӯҳе аз мутуни пизишкии юнонӣ ба забони паҳлавӣ (забони илмии дарбори Сосонӣ)-ро содир кард.

Аммо авҷи шукӯфоии Гунди-Шопур дар даврони Хусрави Анӯшервон буд, замоне, ки бемористони азиме дар он сохта шуду мадрасаи пизишкии шаҳр ба унвони паноҳгоҳи дармону дониш дар императории Сосонӣ шинохта гардид.

Дар даврони асри миёна донишмандон аз Гунди-Шопур ба унвони як қутби барҷастаи пизишкиву донишгоҳӣ ёд мекарданд.

 

Донишгоҳи Гунди-Шопур - куҳантарин донишгоҳи ҷаҳон

Гунди-Шопурро ба ҳақ метавон нахустин донишгоҳи расмии таърих донист. Ҷое ки барои аввалин бор пизишкии ҳипократӣ дар чорчӯби академӣ тадрис шуд. Ин шаҳр пазирои донишҷӯёну донишмандон аз саросари ҷаҳони бостон буд. Аз масеҳиёни настурӣ, ки тарҷумаҳои суриёнии мутуни юнониро оварда буданд то риёзидонони ҳиндӣ ва файласуфони юнонӣ.

Дар ин донишгоҳ мактаби пизишкии якпорчае шакл гирифт ки омезае аз дониши Ҳинд, Эрон, Сурия ва Юнон буд. Ҳатто осори Афлотуну Арасту ба дастури Анушервон ба паҳлавӣ тарҷума ва тадрис мешуд.

Ба гуфтаи муаррихон, Шопури аввал, бунёнгузори шаҳр дастури як пружаи тарҷумаи густардаро доду мутуни пизишкии юнонии зиёдеро ба паҳлавӣ, забони илмии дарбори Сосонӣ тарҷума кард.

Бо гузашти замон китобхонаи Гунди-Шопур ба намоде аз танаввуи фикрӣ табдил шуд. Дар миёни ановине ки ҳифз ва мутолиа мешуданд, осори афсонаие монанди “Худойнома” (китоби подшоҳон), “Калила ва Димна”, “Ҳазор достон”, китоби “Синдбод”, “Вис ва Ромин”, китоби “Ойинҳо” ва китоби “Тоҷ” вуҷкд дошт.

Дар ин донишгоҳ буд, ки пизишкони эронӣ дар канори файласуфони юнонӣ, донишмандони суриёнӣ, забону риёзидонони ҳиндӣ кор мекарданд. Бархе ҳатто мегӯянд, ки ин шаҳр заминаи фикрии ончиро ки баъдан дар Байтулҳикмаи машҳури Бағдод шукӯфо шуд, фароҳам кард.

Барои аввалин бор дар таърих сабт шуда, дар инҷо буд, ки тибби буқротӣ ба таври расмӣ дар як муҳити донишгоҳӣ тадрис шуд. Аммо хуруҷии фикрии он маҳдуд ба ҳунарҳои шифобахшӣ набуд.

Як маркази тавлиди атр, як санъати нассоҷии пурравнақ ва ҳатто як корхонаи тавлидии салтанатӣ дар даруни деворҳои он шукӯфо шуд ва бо вуруди пизишкону муҳаққиқони нухба аз дуру наздик, Гунди-Шопур шукӯфо шуд.

 

Қалби иқтисодиву фарҳангӣ

Гунди-Шопур танҳо маркази илмӣ набуд, зарби сиккаҳои Яздгирди сеюм, охирин подшоҳи Сосонӣ дар ин шаҳру минтақаи Систон анҷом мегирифт. Ҳамчунин коргоҳҳои атрсозӣ, санъати порчабофӣ ва корхонаҳои салтанатӣ дар он равнақ доштанд.

 

Суқут ва мероси ҷовидон

Дар қарнҳои нуҳуму даҳуми мелодӣ, ҳамзамон бо авҷгирии Бағдод, Гунди-Шопур ба тадриҷ аз конуни тавваҷуҳ маҳв шуд. Китобхонаҳо, толорҳои суханронӣ ва боғҳои он дар сукут фурӯ рафтанд.

Аммо азамати Гунди-Шопур бо суқути императории Сосонӣ поён наёфт. Мироси он то аъмоқи даврони исломӣ идома ёфт. Хонаводаи Бухтишуъ - силсилае аз пизишкони машҳур наслҳо сутунмуҳраи фикрии ин ниҳод боқӣ монданд.

Имрӯза, танҳо осори парокандаву вайронаҳои камранге аз Гунди-Шопур дар наздикии савоҳили рӯдхонаи Корун боқӣ мондааст, ки замзамаҳое аз шукуҳу азамати гузаштае тӯлониро дар худ доранд.