Пизишкиён : Дар ҷанги 12 рӯза ҷаҳониён иқтидори Эрони бузургро назора карданд
-
Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс-Тудей. Mасъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба муносибати таваққуфи ҷанг бо режими саҳюнистӣ ва Амрико, аз ҳамаи мардуми Эрон қадрдонӣ кард.
Раиси Ҷумҳурии Эрон дар паёме ба миллати Эрон, бо баёни ин ки мо вомдори истодагиву муқовимати мардум ҳастем, ва амиқан бар ин бовар ҳастем, ки ин пирӯзӣ ҳосили ваҳдату оромиш ва инсиҷоме аст, ки дар ин муддат таҷаллӣ ёфт, гуфт: Ҳамаи ифтихори ин пирӯзии таърихӣ ба миллати бузург ва тамаддунсозе ихтисос дорад, ки агар душмани ҳилагару паймоншикан ба гузаштаву ҳувияти он тавваҷуҳи беҳтаре дошт, ҳаргиз муртакиби чунин хатое намешуд.
Ба гузориши Порс-Тудей, Mасъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Эрон дар паёме ба муносибати таваққуфи даргирии низомӣ, зимни қадрдонӣ аз ҳамаи мардум гуфт: Бояд талош кунем вифоқу инсиҷоми арзишманди эҷодшуда, ки бузургтарин сармояи кишвар аст, идома дошта бошад. Мо ба ёриву ҳамроҳии якдигар аз ҳамин имрӯз барои фардое беҳтар, ояндаи равшантару доштани Эрони қавитар бо ҳам ва дар канори якдигар ҳастем.
Матни комили паёми раиси Ҷумҳурии Эрон ба шарҳи зер аст:
Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон
Бо дуруд ба равони поки Бунёнгузори Инқилоби исломии Эрон, имом Хумайнӣ (раҳ ) ва шуҳадои Эрони азиз
ва орзуи саломатӣ ва тӯли умр барои мақоми муаззами Раҳбарӣ.
Ҳаммеҳанони азизам, мардуми азизу ғаюри Эрон!
Имрӯз пас аз истодагии далеронаи Шумо миллати бузургу таърихсоз, шоҳиди оташбасу таваққуфи ҷанги 12 рӯзае ҳастем, ки бо оташафрӯзии режими саҳюнистӣ бар миллати Эрон таҳмил шуд. Тайи ин муддат ҷаҳониён иқтидори Эрони бузургро, ки аз пуштибонии мардуми худ бархурдор буд, ба назора нишастанд ва дар ҳоле ки шуруъкунандаи ин ҷанги таҳмилӣ, душмани террорист буд, поёни он бо иродаву иқтидори миллати бузурги Эрон рақам хурд.
Оғози ин таҳоҷуми террористӣ ба баҳонаҳои воҳӣ ва такрорӣ, ҳамзамон бо талоши дипломатии Ҷумҳурии исломии Эрон барои рафъи ҳар гуна сӯитафоҳум дар афкори умумӣ аз тариқи ҳузур дар мизи музокира буд, он ҳам дар шароите ки ҷаҳониён, ошкоро шоҳиди иттихози мавозеи мунсаҷиму тасмимгириҳои ҳамоҳанг дар Эрон ва рафторҳои мутаноқизу мавозеи пароканда аз сӯи тарафи муқобил буданд. Таърих аҳдшиканӣ ва нақзи паймони душманони Эрони азизро, ки дар ҳангоми музокира ба таҷовузу таҳоҷум мутавассил шуданд, фаромӯш нахоҳад кард.
Имрӯз дар шароите душмани мутаҷовиз тан ба таваққуфи ҷанг дод, ки танбеҳе сахту таърихиро мутаҳаммил шуд. Агарчӣ аз даст рафтани ҷони шуморе аз ҳамватанони азизамон, занону кӯдакон, донишмандону фармондеҳони рашиди низомии Эрон ва осеб дидани бархе зерсохтҳо, осеби бузурге барои ватани мо маҳсуб мешавад, аммо хисорате ки душмани мутаҷовиз мутаҳаммил шуд, бар хилофи сонсури шадиди таблиғотиву расонаӣ, фавқи тасаввур будааст. Душмани мутаҷовиз дар таҳаққуқи аҳдофи шуми худ, ки инҳидоми таъсисоту дониши ҳастаӣ ва ошӯбҳои иҷтимоӣ буд, ноком ва бетавфиқ буд, аммо дар муқобил, фурӯ рихтани шукуҳи ботили шикастнопазирии режими саҳюнистӣ ва ҳампаймононаш ва ҳаҷми васеи вайрониву тахриби таъсисоту марокизи муҳим дар ҷуғрофиёи режими ишғолӣ, ин паёми муҳимро ба ҷаҳониён мухобира кард, ки ҳазинаи моҷароҷуӣ дар баробари кишвари бузурги Эрон бисёр саҳмгин аст.
Миллати бузурги Эрон!
Мо вомдори истодагиву муқовимати Шумо ҳастем ва амиқан бар ин бовар ҳастем, ки ин пирӯзӣ ҳосили ваҳдату оромиш ва инсиҷоме аст, ки дар ин муддат таҷаллӣ ёфт. Бояд талош кунем ин вифоқу инсиҷоми арзишманд, ки бузургтарин сармояи кишвар аст, идома дошта бошад. Ҳамаи ифтихори ин пирӯзии таърихӣ ба миллати бузургу тамаддунсозе ихтисос дорад, ки агар душмани ғаддор тавваҷуҳи беҳтаре ба гузаштаву ҳувияти он дошт, ҳаргиз муртакиби чунин хабту хатое намешуд. Мо ба ёриву ҳамроҳии якдигар аз ҳамин имрӯз барои фардои беҳтар, ояндаи равшантару доштани Эрони қавитар бо ҳам ва дар канори якдигар ҳастем.
Ман дар инҷо ба унвони ходими миллати Эрон маротиби сипосу қадрдонии худро нисори мардуми азиз мeнамоям ва ба вижа аз маҷмӯаи далермардони неруҳои мусаллаҳ, шомили Aртиши Ҷумҳурии исломии Эрон, Cипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Фароҷо, Басиҷи сарафроз, Вазорати иттилооту Вазорати дифоъ, Неруҳои оташнишонӣ, Ҳилоли Аҳмар, кадри дармон, касаба, хусусан бахши хадамот, асҳоби расона, ҳунармандон, варзишкорону фаъолони сиёсӣ ва маданӣ, ки дар ин бизангоҳи бузурги таърихӣ, ифогари нақши мондагори худ буданд, бо тамоми вуҷуд қадрдонӣ мекунам. Ҳамаи дастгоҳҳои давлатӣ, вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои инқилобӣ аз имрӯз тамоми талоши худро мутаваҷҷеҳи мақулаи бозсозиву ҷуброни осебҳои хисоратдидагон хоҳанд кард ва бо шиносоии нуқоти заъфу қувват дар ин озмуне ки гузашт, зимни таъкид бар ҳушёрии ҳамаҷониба ва ҳифзи омодагиҳо, раванди одисозии ҳамаи умури ҷорӣ дар саросари кишварро дунбол хоҳанд кард.
Ба кишварҳои ҳамсояву минтақа низ эълом мекунам, мо ба ҳамзистӣ ва устуворӣ, бовари амиқ дорему иқтидору тавони дифоии Эрони исломӣ ҳамеша дар хидмати сулҳу дӯстӣ миёни бародарони мусулмону ҳамсоягони таърихӣ буда ва хоҳад буд ва ҳушмандиву тадбири ҳамаи мо, бадхоҳии душманонеро, ки дар садади эҷоди ихтилофу тафриқа миёни мо ҳастанд, нақш бар об хоҳад сохт.