Муҳоҷиронӣ: Пирӯзии бузурги имрӯз ҳосили поймардии эрониён аст; Mо миллати сулҳ ҳастем
(last modified Tue, 24 Jun 2025 15:29:24 GMT )
Июн 24, 2025 20:29 Asia/Dushanbe
  • Фотимаи Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Эрон
    Фотимаи Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Эрон

Порс-Тудей. Cухангӯи давлати Эрон бо табрики пирӯзии бузурги миллат ва Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар муқобила бо ҷиноёти ваҳшиёнаи Амрикову режими саҳюнистӣ гуфт: Ин пирӯзии бузург ҳосили поймардии эрониён аст.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақли ИРНА, Фотимаи Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Эрон зуҳри сешанбе дар гуфтугӯи зиндаи телевизионӣ бо таъкид бар ин ки сулҳ бар онҳое таҳмил шуд, ки ҷангро оғоз карда буданд, ёди фармондеҳону донишмандони шаҳид, 62 зану кӯдаке, ки ин рӯзҳо ба шаҳодат расиданд ва 250 зану кӯдаки масдумро гиромӣ дошту афзуд: Ёди сардорони бузургу ҳамаи неруҳои мусаллаҳи кишварро, ки бо иқтидору шаҳодати худ ва бо падофанди ҳамеша бедори худашон, иқтидорро дубора ба Эрони исломӣ баргардонданд, гиромӣ медорем.

Муҳоҷиронӣ баён кард: Фаромӯш накунем, он чӣ ки имрӯз ҳосил шуд, ношӣ аз бо ҳам будани мост, миллате ки реша дар таърих дорад, миллате ки бо Раҳбари фарзонаву бузург ба муқовимат идома дод, то ин ки пирӯзии имрӯз ҳосил шуд.

 

 

Ташаккур аз ҳамаи касоне ки барои сулҳ талош карданд

Муҳоҷиронӣ таъкид кард: Ҳамеша гуфта будем, ки мо миллати сулҳ ҳастем, мо ҳатто ҷангро ҳам барои сулҳ мехоҳем. Мо миллати ҷангталабе набудаву нестем ва ҳамон гуна ки аз ибтидо вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард, агар ки ҳамалот мутаваққиф шавад, мо ҳам посухе нахоҳем дод, ҳамин иттифоқ афтод. Пас ҷо дорад ташаккур кунем аз ҳамаи касоне, ки барои эҷоди ин сулҳ талош карданд.

Вай дар идома гуфт: Хотирмон бошад, он чӣ ки ҳосил шуд, ношӣ аз ду бол буд; Иқтидори низомии мо, ки ба маънои воқеӣ боис шуд режим саҳюнистӣ бафаҳмад, ки набояд бо Эрон мисли соири кишварҳо бархурд кунаду бидонад, ки амалиёти таркибие, ки диловармардони мо тарроҳӣ мекунанд, онҳоро ба зону дармеоварад ва аз тарафи дигар, миллате ки реша дар таърих дорад, миллате ки дар тӯли таърих аз теъдоди зиёде аз гузаргоҳҳо убур карда ва ҳамеша поймард истода ва ҳамеша пирӯз даромада ва ҳамеша хирадманду оқил ва дар айни ҳол бисёр меҳрубон рафтор кардааст.

Муҳоҷиронӣ хотирнишон кард: Фаромӯш накунем, ки агар ҳамбастагӣ, наҷобат ва ин булуғи миллии мо набуд, мо имрӯз шоҳиди ин пирӯзӣ набудем. Он чӣ ки имрӯз ҳосил шуд, ношӣ аз рафтори бисёр оқилонаи мардуми мо аст.

Вай хотирнишон кард: Душман ба ин дил баста буд, ки битавонад мардумро таҳрик кунад, вале мардум чунон посухи муҳкаме доданд, ки аз мушакҳое, ки бар сохтмонҳои онҳо мехурд, чизе кам надошт. Миллати Эрон нишон дод, ки пои кишвар, низому Раҳбараш истодааст ва ин дастоварди бузург ба шиддат ҷои табрик ба ҳамаи мардуми азизи Эрон дорад.