Таҳмили оташбас ба душмани саҳюнӣ бо амалиёти "Башорати фатҳ"
(last modified Tue, 24 Jun 2025 06:53:30 GMT )
Июн 24, 2025 11:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳмили оташбас ба душмани саҳюнӣ бо амалиёти

Порс-Тудей. Шабакаи хабарии Cадо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон, аз таҳмили оташбас ба режими саҳюнистӣ , дар паии амалиёти "Башорати фатҳ " хабар дод .

Амалиёти мушакии Эрон алайҳи пойгоҳи Амрикое дар Қатар бо ном "Башорати фатҳ ", рӯзи душанбе дар посух ба ҳамлаи ахири Амрико ба Эрон сурат гирифт .

 Ба гузориши Порс-Тудей ба нақл аз хабаргузории Cадо ва Симо , шабакаи хабари Ҷумҳурии исломии Эрон , рузи ceшанбе бо судури иттилоъияe аз таҳмили оташбас ба режими саҳюнистӣ дар паии амалиёти "Башорати фатҳ " хабар дод .

 Матни иттилоъия ба шарҳ зераст :

« Миллати шарифи Эрон .

Амалиёти муваффақи мушакии Cипоҳ дар посух ба таҷовузи Амрико ва истодагиву ҳамбастагии мисол задании мардуми Эрон дар дифоъ аз сарзамин, оташбасро ба душман таҳмил кард .

Шаби гузашта , танҳо соъатии пас аз ҳамлаи мушакии муваффақи Cипоҳ ба пойгоҳи “Al Udeid”-и Амрико дар Қатар , Трамп дар иддаоии илтимосгуна хостори оғози оташбас дар ҷанги таҳмилии душмани саҳюнӣ алайҳ Эрон шуд . Ин дархости Трамп билофосила пас аз посухи муваффақи душанбеи Cипоҳ ба ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон матраҳ шуд .  

Дар ҳамлаи муваффақи мушакии душанбе , пойгоҳи “Al Udeid”-и Амрико дар Қатар дар ҳам кубида шуд .

 

 

Ҳамчунин дархости Трамп барои барқарории оташбас , пас аз он матраҳ шуда ки дар рӯзҳои ахир , осебпазирии марокизи ҳассоси душмани саҳюнӣ дар баробари мушакҳои пешрафтаи Эрон , ба шиддат афзоиш ёфтааст .

Иддаои оҷизонаи барқарории оташбас тавассути Трамп , ҳамчунин пас аз ёздаҳ рӯз муқовимати таърихӣ ва ҷононаи миллати сарафрози Эрон ва ҳамбастагӣ беназири ҳамаи эрониён дар дифоъ аз Эрон, дар баробари таҷовузи хориҷӣ буд, ки ниёт ва аҳдофи шуми душманро ноком кард .

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди сешанбе эълом кард , агар ҳамалоти душмани саҳюнистӣ аз соъати чаҳори субҳ мутаваққиф шавад , ҳамалоти мо ҳам мутаваққиф мешавад .

Сайид Аббоси Ироқчӣ дар паёми худ дар фазои маҷозӣ ки соъати чаҳору шонздаҳ дақиқаи субҳ ба вақти маҳаллӣ , мунташир шуда , эълом кардааст : Ҳамонгуна ки мукаррар гуфтаам , ин режими Исроил буд ки ҷангро оғоз кард на мо . Дар ҳоли ҳозир тавофуқе дар мавзуи оташбас ё таваққуфи амалиёт вуҷӯд надорад , бо ин ҳол ба шарти он ки, режими Исроил , таҳоҷуми худ алайҳи Эронро то соъати чаҳор субҳи имрӯз мутаваққиф кунад , мо низ қасде барои идомаи посух надорем .

Вай тасреҳ кардааст ; Tасмими ниҳои дар хусуси таваққуфи амалиёти низомӣ аз сӯии Эрон, баъдан гирифта хоҳад шуд .

Ироқчӣ ҳамчунин дар матлаби дигаре, ки дар фазои маҷозӣ мунташир карда , зимни қадрдонӣ аз Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба хотири посух ба душман то охирин лаҳза гуфт : Aмалиёти низомии Неруҳои мусаллаҳи қудратманди мо барои муҷозоти Исроил то охирин дақиқа дар соъати чаҳор субҳ идома ёфт.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд : Ҳамроҳ бо ҳамаи эрониён , ман аз Неруҳои мусаллаҳи кишвар ки омодаи дифоъ аз кишвари азизмон то охирин қатраи хун будаанд , ва ба ҳар ҳамлаи душман то охирин дақиқа посух доданд, тақдир мекунам .

Мардуми Эрон , дар баробари истодагӣу муқовимати ҷононаи шумо мардуми сарафрозу ғаюр ва ришодати мисолзадании Неруҳои мусаллаҳ ба вижа диловармардони Сипоҳи посдорон ва падофанди ҳавоии артиш, ки оташбасро ба душмани ваҳшӣ ва ҷинояткор таҳмил кард , бояд сари таъзим фурӯд оварад . Ин сарбаландӣ ва ифтихор гувороятони бод . »