Ироқчӣ : Ҳар гуна ҳамкории Англия бо мутаҷовизон ғайри қобили қабул аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125282-Ироқчӣ_Ҳар_гуна_ҳамкории_Англия_бо_мутаҷовизон_ғайри_қобили_қабул_аст
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Саидаббоси Ироқчӣ-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Эда Милибэнд-вазири умӯри хориҷаи Англия дар хусӯси мавзӯъоти дуҷониба ва охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ телефонӣ гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.
(last modified 2026-08-01T06:32:11+00:00 )
Август 01, 2026 11:27 Asia/Dushanbe
  •   Саидаббоси Ироқчӣ-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Эда Милибэнд-вазири умӯри хориҷаи Англия
    Саидаббоси Ироқчӣ-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Эда Милибэнд-вазири умӯри хориҷаи Англия

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Саидаббоси Ироқчӣ-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Эда Милибэнд-вазири умӯри хориҷаи Англия дар хусӯси мавзӯъоти дуҷониба ва охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ телефонӣ гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

Ироқчӣ дар ин гуфтугӯ рӯйкарди ношоистаи Англия дар робита бо Эрон аз ҷумлаи мусаввабаи ахири ин кишвар дар барчасбзании алайҳи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамчунин ҳамдастии Англия дар ду ҷанги таҳмилии Амрикову режими саҳюнистӣ алайҳи Эронро номуваҷҷаҳ ва маҳкум донист ва бар зарурати таҷдиди назари давлати Англия дар ин замина таъкид кард .
Вай бо ёдоварии таҷовузи низомии Амрикову режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон ба унвони омили аслии вазъияти кунунӣ дар минтақа , тасреҳ кард : Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳусни ният вориди раванди дипломотӣ шуд ва тафоҳуми хотимаи ҷангро дар 28 хурдод ба натиҷа расонд , аммо боз ҳам Амрико бо аҳдшиканӣ монеъ аз иҷрои он шуд.
Ироқчӣ бо таъкид бар азми Эрон барои танзими созкорҳои амалиётӣ бо ҳамкории Аммон барои мудирияти тараддуди киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз тасреҳ кард : Коршикании тарафҳои сеюм дар ин раванд сирфан боиси печидатар шудани вазъияти мавҷуд мешавад.
Ироқчӣ хотирнишон кард : Тибқи ҳуқуқи байналмилал ва қатъномаи таърифи таҷовуз , иҷозаи истифодаи тарафҳои мутаҷовиз аз қаламрав ва имконоти як кишвар барои ҳамлаи ғайриқонӯнӣ ба кишвари дигар ба манзалаи амали таҷовузкорона буда ва кишвари мавриди ҳамларо муҷоз ба дифои машрӯъ мекунад.
  Вазири умӯри хориҷаи Англия низ бо ташреҳи рӯйкарди давлати ҷадиди ин кишвар тасреҳ кард : Мо бахше аз ҷанг бо Эрон нестем ва ба дипломасӣ барои ҳалоу фасли масоил бовар дорем . Эда Милибэнд бар зарурати идомаи таъомулоти дипломатӣ бо Эрон барои беҳбуди равобит ва коҳиши таниш дар минтақа таъкид кард .
Ин дар ҳолеаст ки Энди Бернем-нахуствазири ҷадиди Англия , дар рӯзҳои ибтидои оғоз ба кори худ бо истифодаи Амрико аз пойгоҳҳои низомии ин кишвар барои ончӣ « ҳамалоти дифоӣ » алайҳи Эрон меномад , мувофиқат кард.